Пн12112017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА  25-УМИН СОЛГАРДИ  ИСТИҚЛОЛИЯТИ  ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҲамдиёрони азиз!

Бори бисту панҷум аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон - 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.

Чоряк аср барои таърих чандон фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар равона созад.

Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масоили умдаи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ширкат меварзад ва андешаи хешро изҳор менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии миллию таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард”.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои сифатан нав ворид гардида, сол то сол пеш мераванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шаванд.

Имрӯз бо сарфарозӣ ва шукрона аз соҳибватанию соҳибистиқлолӣ бояд қайд намоем, ки даврони истиқлолият дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас  ба даст омаданд. Сокинони бонангу ор ва меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва озодии комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд. Бо баракати истиқлолияти комил, ваҳдату осоиштагӣ, ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии сокинони ноҳия сол аз сол сифатан беҳтар гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёту иқтисодиётамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

Дар зарфи ин солҳо буҷаи ноҳия ба суръат афзуда, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад. Танҳо дар понздаҳ соли охир маблағгузориҳо ба соҳаи маориф 61 баробар, ба соҳаи тандурустӣ 70 баробар ва ба соҳаи фарҳангу варзиш 93 баробар зиёд гардид. Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинони мамлакат аҳлона меҳнат намуда, истеҳсоли ҳама навъҳои маҳсулотро сол аз сол зиёд менамоянд. Онҳо танҳо баҳори соли равон ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат ҳангоми сафари кориашон ба ноҳия бобати бунёди чор ҳазор гектар боғ ҷидду ҷаҳд варзида 670 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд. Дар соҳаи сохтмону меъморӣ низ тӯли солҳои охир дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Симои шаҳраку деҳотҷои ноҳия боз ҳам ободтару зеботар мегардад. Сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва иншооти хизматрасонию ободонӣ, ки солҳои охир ба истифода дода шудаанд, ба ҳусни ноҳия ҳусн зам намуда, симои онро ба куллӣ тағйир додаанд. Соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангу ҳунари ноҳия низ рӯ ба рушданд. Танҳо соли равон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 68 адад иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар масофаи беш аз 3,5 километр хатти равшаннамоии шаҳраки Файзобод мавриди истифода қарор гирифт.

Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон сарчашма мегирад.

Ҳамдиёрони азиз! Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, барору комёбиҳо ва ба ҳар хонадони мардуми ноҳия ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Зинда бод, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иди Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!