Вт12112018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ДАСТОВАРДИ “АНДАЛЕБ - 2016” ҚАДРДОНӢ ШУД

Рӯзи душанбеи 29 август маҷлиси назоратии   назди раиси ноҳия баргузор шуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулини соҳаҳои маорифу фарҳанги ноҳия дар он ширкат доштанд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар маҷлис   баромади санъаткорони ноҳияро дар даври ниҳоии  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  ҷамъбаст намуда,  қайд кард, ки дар  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҳунармандони ноҳияи мо хеле хуб баромад намуда, соҳиби баҳои баланди ҳакамон гардида, дар ҷамъбаст мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ иштирок дар даври ниҳоӣ  ва дар сатҳи баланд  ҳунарнамоӣ кардани аҳли санъатро гувоҳ аз фарҳангу маърифати баланд ва якдилию муттаҳидии  сокинони ноҳия   маънидод карда  боварӣ бахшид, ки дар оянда низ чунин тифоқӣ мардуми ноҳияро баҳри амалӣ сохтани ниятҳои бузург  ҳамқадам хоҳад буд. Аз ин рӯ  раиси ноҳия ба ҳамаи  санъаткорон, ки саҳми худро дар омодагии ҳунармандони ноҳия дар ин чорабинии муҳими фарҳангии мамлакат гузоштанд, миннатдорӣ карда, онҳоро  бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонд.

Сипас Раҷабзода Миралӣ иҷрои супоришҳои қаблан додашударо аз масъулин пурсида, сари   масъалаҳои  ҳаёти  иҷтимоию иқтисодии ноҳия дастурҳо дод.

   «НФ».