Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

БОЛО БУРДАНИ МАЪНАВИЁТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ МОСТ

Суханронии муовини раиси  ноҳия Раҷабзода Сайбиниссо оид ба фаъолияти шуъбаҳои марбут ба иҷтимоиёту фарҳанг дар  шаш моҳи соли 2016

Дар нимсолаи аввали соли равон сохторҳои марбут ба иҷтимоиёту фарҳанг низ дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда як қатор корҳоро анҷом доданд. Дар ин давра онҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои раиси ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маънавиёти мардум,   саъю талош намуданд.

Дар ин давра дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, ташилоту корхонаҳо ва маҳали зисти аҳолӣ бо иштироки намояндагони Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва дигар сохторҳо оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо доир карда шуданд. Ҳамчунин ҷашнҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии “Наврӯз”, Рӯзи ҷавонон ва ҷашни “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар сатҳи зарурӣ таҷлил карда шуд.

Дар ин давра кормандони яке аз соҳаҳои муҳиму фаъолияти васеъдошта – соҳаи  маорифи ноҳия баҳри амалӣ намудани вазифаҳои хеш як қатор корҳои мушаххасро ба иҷро расониданд. Соли хониши ба анҷомрасида 58 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 19678 нафар хонандагон, маркази эҷодии кӯдакону наврасон, ду кӯдакистон аз рӯи нақшаҳои таълимӣ фаъолият намуданд.

Бо оғози таътили тобистона 130 нафар мактаббачагон дар истироҳатгоҳи Дурахшон ва 455 нафар дар лагерҳои солимгардонии муассисаҳои таълимӣ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Дар рӯзҳои наздик дар деҳаҳои Навобод ва Кӯлобиён сохтмони муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфт, ки тибқи нақша то оғози соли нави таҳсил бояд мавриди истифода қарор гиранд.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари корҳои иҷрошуда дар фаъолияти соҳа камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Соли таҳсили сипаригардида беш аз 200 нафар духтарон баъди хатми синфи нуҳ ба таҳсил фаро гирифта нашуданд. Боиси нигаронист, ки солҳои охир дар муассисаҳои таълимӣ бо либоси бегона ба мактаб омадани духтарон, ҳатто муаллимаҳо низ мушоҳида мегардад.

Ҳамасола ҳангоми таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасад. Мутасаддиёни соҳа ҳангоми қабули корҳои сохтмону таъмири муассисаҳои мактабию томактабӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти зарурӣ зоҳир накарда, баҳри ислоҳи камбудиҳо чораандешӣ намекунанд. Ҳарчанд тибқи санҷишу маълумотҳои шуъбаи маориф баҳои миёнаи дараҷаи сифати дониши хонангон дар муссисаҳои  таҳсилоти умумӣ 3,5 балро ташкил диҳад ҳам, донишу малакаи шогирдон ҷавобгӯи талабот нест. Боиси таассуф аст, ки ду сол боз хонандагони ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба ягон медал сазовор намегарданд.

Дар ноҳия солҳои зиёдест, ки Литсейи касбӣ-техникӣ ба тайёр намудани кадрҳои коргарӣ машғул аст. Айни замон дар муассисаи мазкур 408 нафар наврасон аз рӯи 8 ихтисос таҳсил менамояд, ки ба онҳо 50 нафар омӯзгорону устоҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Бояд гуфт, дар семоҳаи дуюми сол дар муассиса ҷиҳати чоннок намудани корҳои ободонӣ ва беҳбуд бахшидан ба сифати таълим як қатор чораҳо андешида шуд, вале ҳанӯз кори муассиса дар ин самт беҳтаршавиро тақозо менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаи ноҳия 2114 нафар беморон муолиҷа гирифтаанд. Дар арафаи иди модарон дар деҳаи Кенҷаободи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев бо маблағҳои соҳибкори маҳаллӣ ва саҳми сокинони маҳал бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он аз ҷониби муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Алҳол ин раванд идома дорад ва бо иқдоми соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар деҳаи Себистон сохтмони бунгоҳи саломатӣ дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дошта, дар деҳаҳои Яккабед, Навбаҳор, Карсанг, Офтобрӯя сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ оғоз гардида, дар деҳаҳои Ҷавонон ва Дубеда сохта ба истифода додани бунгоҳҳои саломатӣ аз ҳисоби лоиҳаи Сино дар назар аст.

Бояд гуфт, ки дар баробари ин дар кори соҳа камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Хусусан фаъолияти тиббии оилавӣ суст ба роҳ монда шудааст. Фавти кӯдакони то яксола ҳанӯз зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи 148 нафар фавтидагон 29 нафарро то 17 сола ва 23 нафарро кӯдакони то яксола ташкил менамояд. Санҷиши иҷрои Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар марказҳои саломатӣ нишон медиҳад, ки камбудиҳо дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.

Имрӯз ба сокинони ноҳия Филармонияи хақлӣ, 4 хонаи фарҳанг, китобхонаи марказӣ ва 15 филиалҳои он хизмати фарҳангӣ расонида, дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ нақши муайян доранд.

Дар баробари ин бояд қайд намоям, ки кори китобхонаҳои ноҳия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ, аз қабили конференсияву вохӯриҳо,мулоқот бо адибону дигар ҳамоишҳо ва рӯнамоии адабиётҳои нав фаъол нестан. Дар деҳаҳои Кабкрез ва Яккабед ду сол боз сохтмони китобхонаҳо тӯл кашида, дар деҳаи Дубеда бошад, то ҳол барои сохтмони он замин ҷудо нагардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо баъзе корҳоро анҷом дод.

Дар шаш моҳи сипаригардида дар ноҳия   314 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 78 хатнасур, 134 маъракаи чил, 78 маъраки сол ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд.     

Дар ин давра аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ба ин кор фаъолзанону собиқадорон ҷалб карда шудааст. Чорабиниҳои зиёди фарҳангию тарбиявӣ аз қабилаи “Маликаи наврӯз”, “Ҷилваи ҳусн”, гузаронида шуд, ки дар онҳо шумораи зиёди занону духтарон ширкат варзиданд. 

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 1470 адад сабти таваллуд, 177 вафот, 330 никоҳ, 63 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва дигар ҳолатҳо ҷамъ 3032 сабтҳо ба қайд гирифтааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаш моҳи соли равон ақди никоҳи 36 оила бекор карда шудааст, ки аксарияташон оилаҳои ҷавон мебошанд. Бояд гуфт, ки кори бахш дар бобати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон тарғибу ташвиқи тарзи намунавии ҳаёти оилавӣ ҳанӯз сусту нокифоя аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ миёни ҷавонон корҳои оммафаҳмонӣ оид ба ривоҷу оммавӣ намудани варзиш, тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ гузаронида шуданд. Боиси қаноатмандист, ки ба кори рушди варзиш ва сохтмони иншооти соҳа соҳибкорони маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд. Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода додани толари замонавии варзишӣ дар деҳаи Устошамс, идомаи сохтмони майдонҳои варзишӣ дар деҳаҳои Арзанова ва Лолагӣ ва гузаронидани мусобиқаи васеъ миёни тимҳои футболи ноҳия аз ҷумлаи ин иқдомҳоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ 121 рейду санҷишҳо гузаронида, 32 амрномаи санитарӣ дода, 54 протокол тартиб дода шудааст. 71 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботҳои санитарӣ ба маблағи 8040 сомонӣ ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар нимсолаи сипаришуда баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва  шуғли аҳолӣ   як қатор корҳоро ба анҷом расонд.

Дар   мақомоти шуғли аҳолии ноҳия 431 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 223 нафарашон занҳо мебошанд. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия 705 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 23 корҷӯён ба ҷои кор таъмин карда шуда, 120 нафар ба курсҳои кӯтоҳмудат аз рӯи касбҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагӣ ва муҳосибӣ ҷалб карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи фарҳангу маънавиёт камбудиҳо ҷой доранд. Ҳанӯз сатҳу сифати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ беҳтаршавиро тақозо менамояд. Хусусан ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, қабули муроҷиатҳои сокинон ва иҷрои онҳо камаҳмиятӣ зоҳир намуда, ба сари вақт омода намудани шиору овезаҳо, дар вақташ нав кардани онҳо, корҳои ободонии ҳудуди деҳаҳо кам аҳмият медиҳанд. Хусусан дар ин бобат кори ҷамоати шаҳраки Файзобод, ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев ва Ҷавонон ба куллӣ беҳтаршавиро металабад.   Рафти баргузории марҳалаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявии деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар ноҳия нишон дод, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ин масъала диққати ҷиддӣ надода аз имкониятҳои ин чорабинӣ ҷиҳати вусъат бахшиданд ба корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани деҳу кӯчаҳо, дар сокинон тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ дуруст истифода накарданд. Хусусан дар ин бобат кори ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Вашгирд, ба номи Дӯстмурод Алиев ва Мискинобод ниҳоят суст ба роҳ монда шуда буд.

Зарур аст, ки мо барои боз ҳам беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тарбияи сокинони ноҳия дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз ватану миллат беҳтар намуда, дар сафарбар намудани сокинони ноҳия баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани диёр, тарбияи насли сазовор бо истифода аз роҳи усулҳои бештару беҳтар чораандешӣ намоем.