Пт04032020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

БА КӢ ГӮЕМ?!

Хунукиҳои зимистони имсола дер омада бошад ҳам, сахт гирифт. Шамоли Файзобод ҳамарӯза “ҳамла” мекунад. Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Афсӯс, на ҳама дар такя ба ин масал амал мекунанд. Гап сари он ки порсол ба хотири ташрифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пиёдагарди маркази шаҳрак аз ду ҷониб сафолакпӯш гардонда шуд. Вале аз саросемагӣ буд, ё беҳунарии устоҳо, ки дере нагузашта чанд ҷои роҳрав вайрон шуд. Кӣ аз нав роҳро ба тартиб меорад?!

Чизи дигар. Дар яке рӯзҳои хунуки даҳрӯзаи дуюми моҳи январ назди даромадгоҳи “Бозори марказӣ” шоҳиди ба дарозии қад афтодани марди тахмин 55-60 –сола шудем. Хайрхоҳе ӯро баланд кард. Албатта, мард осеб дид. Пурсидемаш, Шариф ном доштааст. “Аз болоям”- гуфт. Манзур, аз Қалъаидашт ё Мискинобод.

Мақсади баён ин аст, ки даромадгоҳи бозор ба таври зина сохта нашудааст. Барф ки ях баст, нафақат 50-солаю шастсола, балки ҷавони 18-20-сола ҳам, агар эҳтиёт накунад, меафтад. Мегӯянд, ки кӯза на ҳамеша аз чашма сиҳат меояд. Худо накарда, пои кас ноҷо лағжад, оқибаташ ба хайр...

Чанд вақт аст, он замон барфу борон кам буд, муаллими собиқадор аз деҳаи Бӯстон (Идӣ Ғафуров) ба банда арзи дил кард: “Ҳар дафъае барои газетгирӣ меоям, аз мошин фаромада ҷӯйбори бетонии зери чароғаки рӯ ба рӯи “Мағозаи китоб”-ро базӯр мегузарам. Боре дидам, ки шахси аз ман ҷавонтар даруни ҳамин ҷӯ афтод. Ба ин ҳам,- иллат кард ӯ,-ронандаҳо ғайриқоида аз чор тараф роҳро банд мекунанд...

“Намешавад, ки болои ҳамин ҷуйборро қади як одамгузар пӯшонанд?..”

Мо бо мақсади гӯшрас кардани арзи муаллим назди сардори корхонаи воҳиди давлатии “Муассисаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Мансур Раҳимов рафтем, ҳарчанд медонем, ки пӯшондани болои ҷӯйбор вазифаи ӯ нест. М. Раҳимов не-не нагуфта аз иҷрои “бечуну чарои” кор дилпурӣ дод, мазмун, ним халта семент мераваду ҳамин қадар қум.

Вале аз байн як моҳ гузашту ваъда ба иҷро нарасид.

Дигар аз ин камбудиҳо ба кӣ гӯем?!

Ҷ. БАҲОРОВ “НФ”.