Ср10232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

«НАБЗИ ФАЙЗОБОД» ДАВОМИ РОҲИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Моҳи март, ки оғози баҳори нозанин ба он рост меояд, «Моҳи идҳо» ном гирифтааст. Пас аз таҷлили иди модарону хоҳаронамон – 8 март, иди дигаре моро нигарон аст, ки аллакай шумо онро хеле хуб медонед. Ин иди матбуоти тоҷик аст, ки ҳарсол рӯзи 11 март таҷлил мегардад.

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 11 март ҳамчун рӯзи матбуот таҷлил мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯзи 11 марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф» ба дасти хонандагони худ расид. Ин рӯзест дар ҳаёти тоҷикон, ки сухани форсӣ аввалин маротиба дар саҳифаи чопӣ паҳн шуд ва мардуми моро ба худшиносиву худсозӣ ҳидоят намуд. Ҳарчанд роҳи «Бухорои шариф» чандон тӯлонӣ набуду баъди чопи 153 шумораи он 2 январи соли 1913 баста шуд, аммо барои афкор, барои шиносонидани мардум аз худ хизмати зиёде кард. Ва имрӯз аз нашри нахустшумораи ин рӯзнома 107 сол сипарӣ шуд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо беш аз 300 рӯзномаю маҷалла бо теъдоди зиёд нашр мешаванд, ки гувоҳ аз озодии сухан дар кишварамон аст.

Нашрияи барои ҳар як сокини ноҳияи мо   азиз - «Набзи Файзобод» низ - аз шохаҳои дарахти бузурги «Бухорои шариф» маҳсуб меёбад, ки имсол ба таъсиси он 86 сол пур мешавад. Тайи ин солҳо нашрия ба оинаи рӯзгори ҳамдиёрон табдил ёфтаву инъикосгари тапиши набзи сокинони ин диёри бостонӣ гардидааст. Хусусан дар даврони соҳибистиқлолӣ дар саҳифаҳои нашрия дигаргунию пешравиҳои даврони истиқлолият, ҷаҳду талоши давлату ҳукумат баҳри мустаҳкам намудани пояҳои соҳибистиқлолӣ, гулафшону фурӯзон намудани боғи ваҳдати миллӣ, воқеоти сиёсию навгониҳои фарҳангию иҷтимоӣ, ташаббусҳои созандаву иқдомҳои нав ба навро рӯзноманигорон қаламкашӣ менамоянд.

Устод Фирдавс Қурбонзода дар қаламрезаҳояшон навишта буданд, ки: «Рӯзнома сияҳрӯй аст, мағзрезаҳояш чун субҳ пурсафо, мутолиааш дилро лабрези фараҳу рӯҳро болида мегардонад…».

Воқеан ҳам, барои рӯзноманигор рӯи чоп омадани андешаҳояш, ки таҳрикбахши ҷомеа мегардад, бисёр муҳим будаву қабулу қаноатмандӣ   аз сӯи хонанда илҳомбахши зиндагӣ.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кори матбуотчиён баҳои баланд дода, аз ҷумла чунин таъкид дошта буданд: «Матбуот оинаи ҳаёт, чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад». Месазад бо қаноатмандӣ иброз намоем, ки қаламкашони «Набзи Файзобод» пайваста дар талошу ҷустуҷӯ, дарёфти мавзӯҳои наву тоза, огоҳ намудани сокинони ноҳия бо пешравию навгониҳо, инчунин омӯзишу таҳлили сабабҳои сар задани камбудиву норасоиҳо дар ҷомеа ва дарёфту роҳи ҳаллу ислоҳи онҳо ва даво бахшидан ба дардҳои ҷомеа мебошанд.

Яъне эҷодкорони маҳаллӣ пайи он мекӯшанд, ки рисолати қаламкашии худро софдилона ба ҷо биёранд. Сол ба сол шумораи хонандагони нашрия зиёд гардидаву он аз моҳнома ба ҳафтанома табдил меёбад. Агар сари вақт аз ҷониби почтаи ноҳия маблағи обуна ба суратҳисоби мо ворид гардаду матбуот баробари аз чоп баромадан дастраси хонандагон шавад, мо имкон дорем «Набзи Файзобод»-ро   ҳар ҳафта меҳмони хонадони ҳамдиёронамон гардонем. Зеро кам не, имсол бо умед 2200 нафар худро ба нашрияи мо   номнавис кардаанд.

Боқӣ мақбули хонанда андеша рондану навиштан кори мо, эҷодкорон аст. Зеро андеша кардану он гоҳ қалам рондан хоси шуғли мост.  

Ба қавли шоир:

                       Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

                       Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Низомиддини ШАМСИЁН, сармуҳаррири

нашрияи «Набзи Файзобод».