Ср04252018

Last updateВт, 24 Апр 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»

Модарони меҳрубон!

Бонувони муҳтарам!

Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол-баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас – ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.

Ба оғози фасли дилорову фараҳбахши баҳори гулпӯш  рост омадани ҷашни «Рӯзи модар» бе сабаб нест, зеро модар низ чун баҳор эҳёгару офаранда аст. Яке агар эҳёгари табиати афсункор бошад, дигаре ҳаётбахши инсон буда, дар рушди ҷомеаи инсонӣ саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Зан-модар дар ҳама давру замонҳо дар баробари  офарандаю тарбиятгари инсон будан, боз дар қатори мардон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона ширкат варзида, дар ташаккули равандҳои ҷомеа, зебову гуворо  гардонидани зиндагӣ саҳми босазо мегузорад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо зоҳир гардидани таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занон дар зиндагӣ афзуда, саҳми онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рӯз то рӯз беҳтару бештар мегардад. Дар ин давра дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки  дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ба Конвенсияи  байналхалқӣ «Дар бораи  барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон» ҳамроҳ гардида, қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро қабул намуд.

Ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи занону модарон ҳамарӯза идома меёбад. 22 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба мақому саҳми занон бори дигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки «Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба роҳбарӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани он чораҳои  амалӣ меандешад. Бонувони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия баробари дигар занони кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар рушди иҷтимоиву иқтисодии диёру кишвар ҳиссагузорӣ менамоянд.

Сафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд беш аз пеш меафзояд. Имрӯз 8 нафар вакилони халқи ноҳия, 37 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 20 нафар хизматчиёни давлатӣ, беш аз 20 нафар директорону муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби занонанд. 487 нафар занон ба ҳайси духтурону ҳамшираҳои шафқат ва 542 нафар ба ҳайси омӯзгорон фаъолият менамоянд. Зиёда аз 80 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадр!

Бо истифода аз ин фурсати муносиб бо як ҷаҳон ихлосу меҳр ҳамаи модарону хоҳарони азиз, бонувони мушфиқу меҳрубонро  бори дигар  аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ифтихори иди зебои баҳор- «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуда, таманно мекунам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва хонаободу саодатманд бошед.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!