Чт08162018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ «РӮЗИ МАТБУОТ»

Матбуотчиёни муҳтарам!

Ҳамдиёрони азиз!

11-уми март дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон иди кормандони соҳаи матбуот таҷлил мегардад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб аҳли эҷоди нашрияи «Набзи Файзобод», «Парвин» ва ҳамаи рӯзноманигорони ноҳияро бо фарорасии ин иди гуворо табрик мегӯям.     

Матбуот қувваи бузургест, ки дар рушду инкишофи ҷомеа, низоми равандҳои гуногуни ҳаёт ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумат саҳми арзанда дорад. Бесабаб матбуотро оинаи ҳаёт намегӯянд.

Дар ҳақиқат рӯзномаю маҷаллаҳо нашрияҳои гуногуни даврӣ аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ - «Бухорои шариф» ва «Овози тоҷик» сар карда дар раванди инкишофи давлатдории тоҷикон, огоҳии мардум ва тарбияи ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии онҳо хизмати босазоро анҷом додаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи матбуот ва фаъолияти рӯзноманигорон диққати махсус дода, ҷиҳати рушду равнақи матбуоти даврӣ, муҳайё намудани шароити муносиби кору фаъолияти кормандони матбуот пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Баҳри инъикоси ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар дар матбуот, ба мардум расонидани паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти  ҷомеа тадбирҳои муассир меандешанд. Президенти кишвар, Пешвои миллат қайд намудаанд, ки «Мо матбуотро ҳамчун унсури муҳими муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ менамоем».   

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 феврали соли 2009 таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 № АП-1729 дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ далели равшани ин гуфтаҳост.

Боиси ифтихор аст, ки  дар ноҳияи мо нашрияи «Набзи Файзобод» тӯли  84 сол баҳри инъикоси ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, дар тарбияи ҳамаҷонибаи сокинон, сари вақт ошно намудани онҳо бо муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти ноҳия ва кишвар, ошкору ислоҳ намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта саҳми арзанда мегузорад.

Мо аминем, ки аҳли эҷоди ин нашрия ва кормандони соҳаи матбуот минбаъд низ дар инъикоси ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия, тарбияи сокинон дар руҳияи ифтихор аз Ватан, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва бедорию худшиносии миллӣ фаъолона саҳм гирифта, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумат, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафарбар намудани сокинони ноҳия баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздамон истода, ошкору ислоҳ намудани норасоиҳои ҷойдошта ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Матбуотчиёни муҳтарам!

Бори дигар ҳамаи Шумо ва алоқамандони матбуотро ба фарорасии «Рӯзи матбуот»  табрику таҳният гуфта бароятон саломатӣ, хушбахтию хонаободӣ ва муваффақиятҳои эҷодиро таманно мекунам.

Идатон муборак, рӯзноманигорони муҳтарам!