Пт06222018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МЕҲМОНХОНА

ЛУТФИ СОЛИНАВӢ

Ба мудири бахши кор бо занон ва оила Гул Халифаева:

Ба номат лоиқу арзандаӣ ту,
Гулӣ, гулдастаӣ, зебандаи ту.
Ҳама рафтору гуфтанҳот ширин,
Ва ширинтар лаби дар хандаи ту.


Ба мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарифов:

Туро фарҳанг пурожанг карда,
Раҳатро сӯи сарват танг карда.
Агарчи қомататро рост гирӣ,
Миёнат чангу поят ланг карда.

Ба раиси ҷамоати деҳоти Чашмасор Фатҳиддин Амонатов:

Як сару гардан зи дигарҳо ту боло будаӣ,
(Бачаи хушкардаи бобобу момо будаӣ).
Чашмасориҳо раиси муҳтарам мегуфтаанд,
Офарин! Ту дар дилу дар дидаҳо ҷо будаӣ.


Ба раиси раёсати кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов:

Ту чилто ҳунар дорӣ,          Ҳофизию раққосӣ,
Арзанда падар дорӣ.          Деҳқони хоси хосӣ.
Дар ҳама кори дунё            Бигӯ, ки дар ҳаётат
Дастони зафар дорӣ.          Кардӣ боре ифлосӣ?

Ба мудири маркази саломатии  
деҳаи Саричинор Файзалӣ Раҷабов:

Номи туро бигирад хурду калони деҳа,
Файзу Алию Раҷаб андар забони деҳа.
Як фарди ботамизӣ, маҳбубию азизӣ,
Истораи дурахшон дар осмони деҳа.


Ба ҳоҷӣ Муслиҳиддин, ки боғи намунавии интенсивӣ бунёд мекунад:

Боғе, ки ту мекунӣ, надорад ҳамто,
Чун дасти сахои ту куҷо дасти сахо.
Ин ҳиммати ту зи Қоф бар қоф равад,
Якҷоя шуда ба ту кунем як сару по.

 

Таснифи Ҷӯрабек МӮМИН.