Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МЕҲМОНХОНА

…ТУРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

Имрӯз 9-сентябр мардуми Тоҷикистони азиз 24-умин санаи ба Истиқлол расидани хешро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегиранд. Яъне Истиқлолияти давлати тоҷик 24-сола мешавад. Имрӯзҳо аксари насли ҳамсоли истиқлол соҳиби касбу ихтисос буда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт кору пайкор намуда, дар ободию шукуфоии ватани биҳиштосоямон – Тоҷикистон ҳиссагузоранд. Мо бо чанд нафар ҳамдиёронамон - зодагони соли истиқлол дар арафаи ин рӯзи саид   суҳбати сари роҳии  идонае доштем, ки муҳтавои онро манзури хонандагони  «НФ» мегардонем.
Зикриёзода Мафтуна-унвонҷӯйи соли дуюми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истиқлолият роҳҳоро боз намуд. Ошёни меҳру вафо, сулҳу ваҳдатро бунёд кард ва ба диёри куҳанбунёди мо таваллуди нав бахшид. Он чун ҳадяи нодири сарнавишт насибамон гашт. Имрӯз корвони истиқлол бори гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагиро бо қадамҳои устувор дар шоҳроҳи бузург пеш мебарад. Истиқлолият на танҳо мустақилияту озодии давлату миллат аст, балки рамзи олии давлату миллатдорӣ, бузургтарин неъмати Худовандӣ, пешрафти иқтисодиёт, илм, фарҳанг, технология, ободию созандагӣ, баробарҳуқуқиву донистани қадри ҳар як фард дар ҷомеа, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Истиқлол моро бо фарҳангу тамаддуни ниёгон, раванди муосири илму технологияи замонавӣ пайваст ва боз ҳидоят дорад ба фардои дурахшон. Ман, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 буда, баъди хатми Донишкадаи давлатии забонҳо унвонҷӯйи соли дуюми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи забони хориҷӣ мебошам. Шукргузор  аз он ҳастам, ки дар чунин фазои ороми ватан умр ба сар мебарам. Сипос ба абармардоне, ки ин оромию осудагиро барои миллати бузурги мо фароҳам овардаанд. Маҳз хизмати шоистаи мардуми куҳантаърихи мост, ки мо, ҷавонону наврасон соҳиби илму маърифат мегардем. Мақсади ягонаи ман имрӯз баъди ба охир расонидани таҳсил хизмат барои халқу ватани хеш ва муаррифии он дар ҷаҳон мебошад. Истиқлолияти ватан ба ҳамаатон мубарак бошад!  
Фарида Раҷабзода-донишомӯзи бахши интернатураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон. Ифтихор ва шукрона мекунам, ки ҳамсоли Истиқлолияти  Тоҷикистони ба мағзи ҷон пайвастаам мебошам. 24 сол муқаддам орзую омоли тоҷикон амалӣ гашт. Истиқболи Истиқлол мову шуморо қарину муттаҳид месозад ба хотири фардои неку дурахшони  миллату давлат. Истиқлол дар кулвораш ҳадяҳои зиёде дошт ва дод ба мову шумо, ки имрӯз чун насибаи тақдир аз он шукргузорӣ мекунем. Маҳз ҳамин сулҳи пойдори даврони истиқлол буд, ки ман як духтари оддии деҳотии диёр соли 2009 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда онро бо ихтисоси акушер-гинеколог хатм намудам. Айни ҳол бошад, дар бахши интернатураи кафедраи акушерӣ-гинекологияи  рақами 1, ки дар базаи таваллудхонаи шаҳрии рақами 3 ҷойгир аст, таҳсили худро давом дода истодаам. Хоҳони он ҳастам, ки сулҳи  тоҷикон ҳамеша пойдор бошад.
Нурмуҳаммад Ҷонов-сармутахассиси бахши  иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия. Ман аз он ифтихор дорам, ки ҳамсоли Истиқлолият мебошам. Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор, ба ҷаҳони мутамаддин пайвастаи   Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошад. Маҳз ҳамин истиқлолият   ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхову сулҳпарвар шинохта шудааст. Пас мо аз ин миллати баруманд меболему ифтихор дорем ва барои боз ҳам машҳур гардидани Истиқлолияти хеш кӯшишу ғайрат намоем.
Тоҷикистон ҳаст Истиқлоли мо
Тоҷикистон маъбади иқболи мо.

Хосият Фатҳиддинзода-нозири калони Амонатбонки ноҳия.
Ин ки гоҳе мезанам бар обу оташ хешро,
Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.
Ин мисраҳои шоир ба фаъолияти пурсамару нотакрори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Аз рӯзи аввале, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистони тоза ба истиқлолият  расида, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд, савганд ёд намуданд, ки пеши роҳи ҷанги бародаркуширо мегиранд. Сулҳу саодат, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолиятро дар ватани азизамон пойдор менамоянд. Ҳаққо, ки Сарвари давлат ба савганди хеш вафо намуд. Ба туфайли кӯшишҳои бардавомаш давлати мо соҳибистиқлол шуд. Мо, ҷавонон бояд аз пешвои миллатамон ибрат гирифта баҳри амалишавии омолҳояш кӯшиш кунем. Мо, ҳамсолони Истиқлолият шукр мекунем, ки дар чашмони модарони мо аз нав ашки шодӣ падидор гашт. Истиқлолият ба мо озодӣ,  оромии зиндагӣ,   кору фаъолияти босамарро дод.  Аз шарофати Истиқлолият иқтисодиёт рӯз ба рӯз рушд ёфтаву шароити зисту зиндагии мардум беҳтар мегардад. Мо барои пойдории   сулҳу суботи кишвари азизамон камар мебандем.
Ватан, аз сангҳои бар сарат бишкастаи
фарзандҳои носазоворат
Туро бунёд ҳоҳем кард, туро обод хоҳем кард!  
Мавзуна Файзализода – ҳамшираи шафқати шуъбаи касалиҳои асаби беморхонаи марказии ноҳия. Тоҷикистони азиз дар солҳои Истиқлолият соҳиби Сарқонуни нав, Парчам, Нишон, Суруд ва пули миллӣ гардид. Ва беҳтарину волотарину бузургтарин дастовард дар ин солҳо барқарор гардидани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Роҳи паймудаи мо бо тамоми бурду бохтҳояш барои насли имрӯзу фардо ибратомӯз аст. Барои насли ҳозира, аз ҷумла барои мо ҳамсолони Истиқлолият ба он хотир ифтихорангез аст, ки дар бунёди давлатамон бевосита  ҳиссагузорӣ мекунем.
                  

 Таҳияи М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори «Набзи Файзобод».