Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

УСТОД АЙНӢ – ҲОМИИ МИЛЛАТ

Устод Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихи халқи тоҷик умр ба сар бурда, бо мероси гаронбаҳои илмию адабии худ чароғи маърифатро дар дили тоҷикон фурӯзон намуд. Устод аз таровати ҳаёти нави баъди Инқилоби Октябр болида, асарҳои ҷаҳоншумул офарида ва халқи дар ҷаҳолатмондаро ба худшиносӣ даъват намуд.

С.Айнӣ бар хилофи ақидаи пантуркистон, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, дорои таърихи бой ва фарҳанги ҷаҳонӣ будани ин қавми куҳанбунёдро собит сохт. Бо асари илмии худ – «Намунаи адабиёти тоҷик» ба пантуркистон фаҳмонд, ки тоҷикон халқи қадим ва дорои адабиёти ҳазорсолаанд. Устод дар ин китоб доир ба 200 адиби форс-тоҷик маълумот дод. Ин асар зарбае шуд ба душманони миллати тоҷик.

Воқеан, он замон, ки гуфтугузор дар бораи ташкили ҷумҳурии соҳибмухтори тоҷикон сухан мерафт, устод Айнӣ роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги миллат, ба вижа забони вай, як силсила мақолаҳои илмию публитсистӣ навишт.

Хизматҳои С.Айнӣ ҳамчун шоир, нависанда, олим чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар даврони Истиқлолият қадршиносӣ гардидааст. Асарҳои гаронбаҳояш бо зиёда аз 30 забони халқҳои гуногуни дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Устод ҳамчун сардафтари адабиёти навин эътироф гардида ба унвони олитарини давлатӣ – Қаҳрамони халқи тоҷик сазовор гардид.

Бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ 100-солагии устод ҷашн гирифта шуд. Насли имрӯза бояд бо номи ин бузургмард ифтихор намуда осори гаронбаҳои ӯро хонанд ва аз таърихи миллати худ хабардор шаванд.

Ҷамила АСОЗОДА, омӯзгор.