Пн05282018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

МЕДАЛИ НУҚРАИ ҲУСНОРО

Боз як муждаи нав аҳли маорифчиён  ва сокинони ноҳияро хурсанд гардонд.

Ҳусноро Низомова, хонандаи соли охири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  11-и Элок дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда бо гирифтани 79 бал сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Ин давр рӯзҳои 21-22 апрели соли 2018 дар мактаби байналмилалии президентӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳо баргузор гардид, ки  дар он аз ноҳияи мо 7 нафар хонандагон иштирок доштанд. 

Ҳусноро кайҳост, ки ҳамчун хонандаи фаъоли мактабу деҳа шинохта мешавад. Ҳамаи ин муваффақияту пешравиҳояш натиҷаи дилбастагии ӯ ба китоб ва омӯзиш аст. Зеро Ҳусноро аз вақт истифода карданро хуб медонад. Чун  бо ӯ аз хусуси дастовардҳояш суол кардем, ҷавобамон дод, ки  ҳамаи пешравию муваффақияти худро дар заҳмату меҳнати устоди худ медонад. Пирмуҳаммад Холов солҳои тӯлонист, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад ва шогирдони зиёдеро тарбият кардаву ба камол расонидааст. Борҳо шудааст, ки шогирдони ӯ дар сабқату озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла Раҷабгул Бобиева, ки имрӯз донишҷӯйи курси сеюми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, соли 2014 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд. Дар ҳақиқат ҳамаи ин нишони он аст, ки заҳмати ҳақиқӣ барҳадар намеравад ва он подоши худро дорад. Подош, ин ифтихор ва сарбаландии устод аст, ки муваффақияти шогирдро дида рӯҳу тавон мегирад.

Ҳусноро таассуроти худро аз рафти баргузории олимпиадаи мазкур баён намуда изҳор дошт, ки ҷараёни баргузории сабқати даври ниҳоӣ бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд буд.

Дар охир ӯ миннатдории худро ба ҳамаи устодони муассисаи азизаш баён намуда, иброз дошт, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат обрӯ ва шарафи муассисаи азизаш ва деҳаву ноҳияашро баланд нигоҳ медорад.