Пт06222018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ҲИКОЯТИ МАРДОНИ ШУҶОЪ

Файзулло Наҷмиддинов бо чор таълифоташ («Хотира», «Энсиклопедияи Файзобод», «Файзобод-ёдгори Ориё» ва «Мафтуни қалам») ба зиёиёни китобхон ошност.

Ва акнун дар даст китоби навбатии ӯро дорем, ки «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» номгузорӣ шудааст. Китоб дар бораи ватандӯстӣ, садоқатмандӣ, корнамоию ҷонфидоиҳои сарбозони Файзобод, ки ба майдони ҳарбу зарби мардонагии ҷанги Афғонистон бо мақсади барпо намудани давлати демократӣ ва сохтори конститутсионӣ, ҳимоя ва ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ, такмили сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ фиристода шуда буданд, ҳикоят мекунад. Даврони шӯравӣ, ки СССР – ИҶСШ (Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ) ватани халқҳои ин кишвар ҳисобида мешуд, барои барқароркунии сохти демократӣ қариб ним миллион сарбозону афсарон ба Афғонистон сафарбар шуда буданд. Дар давоми зиёда аз 9 соли давомоти ҷанги ин мулк 15 ҳазор афсару сарбози шӯравӣ қурбон гардида, 60 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштанд. Солҳои ҷанги Афғонистон (1979-1989) 9 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон хизмати аскарии худро дар ин кишвар адо карданд. Аз Файзобод 130 нафар сафарбар шуда буд. Хушбахтона, ҳамаи онҳо ба ватан баргаштанд. Ва дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ва ҷумҳурӣ баробари дигарон кор мекунанду дар тарбияи ҷавонон саҳм мегузоранд.

Ин ва дигар маълумоти фаровонро дар бораи Афғонистони солҳои ҷанг, ва, умуман таърихи давлатдории ин мулк, аз рисолаи «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» дарёфт карда метавонед.

Ба китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Урватулло Тоиров сарсухан навишта онро ҳамчун осори дорои аҳамияти тарбиявӣ баҳогузорӣ кардааст.

Муаллиф барои ба даст овардани маълумот аз ҳаёти аскарбачаҳои файзободии ҷанги Афғонистон заҳмати зиёд кашидааст. Қимати китобро боби аввали он «Маълумоте чанд дар бораи Афғонистон» баландтар мекунад.

Дӯстдорони хониш агар китоби нави Файзулло Наҷмиддиновро дастрас намоянд, пас аз варақ гардондан, бешубҳа, хулоса мебароранд, ки «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» барои тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандорию ватандӯстӣ дастури хубест. Китоб бо теъдоди 500 нусха дар матбааи ҶДММ «Ашӯриён» чоп шудааст.