Пт06222018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ, ЧАРО ТАШКИЛИ ДӮХТИ ОН ДАР НОҲИЯ КАШОЛ МЕЁБАД?

Либосҳои шинам ва хушдӯхт нишон аз маданияти баланди ҳар инсон дарак дода, таҷассумгари зебоию зебоидӯстии ӯст. Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳам печидае, ки тайи чанд соли охир пешорӯи маорифи кишвар қарор дорад, ин таъмини либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аст. Ҳол он ки ба чунин як иқдоми муҳим рӯ овардани соҳаи маорифи кишвар, ин аз байн бурдани тафриқаи байни хонандагон мебошад. Мувофиқи ҳамаи нишондиҳандаҳои оморӣ суръати афзоиши маҳсулоти аз нахи пахта тайёрмешудагӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс ба ҳамаи солҳои пешин хеле баланд аст. Вале бо ин ҳама масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои ягонаи мактабӣ ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст. Адади либосҳои истеҳсоли мактабӣ нисбат ба талаботи мавҷуда кам аст, балки сифати либосҳои мактабӣ ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Падару модарон онро аз дӯконҳои либосфурӯшӣ бо дили нохоҳам мехаранд, зеро технологияи куҳнашудаи коргоҳҳо ба паст шудани арзиши аслии онҳо имкон намедиҳад, аз ин рӯ нархҳо ба сифати маҳсулот мувофиқат намекунанд.

Имрӯз замони он расидааст, ки намешавад бо тамомӣ ба маҳсулоти воридоти умед баст. Ҳар як навоҳии кишварро зарур аст, ки умедро бештар ба истеҳсоли худӣ бубандад. Ҳалли ин масъала дар ноҳияи мо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Корхонаи хизмати маишии ноҳия дар ин самт нақши бештаре дорад. Аллакай ин корхона бо шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳаҷми 10000 дона либос барои мактаббачагон қарордод ба имзо расонидааст. Ҳамчунин дар назди муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  дар  ноҳия бунёди корхонаи хурди истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар арафаи оғози кор аст. Бо назардошти ҳамаи ин умед бар он аст, ки соли ҷорӣ бо либосҳои мактабӣ таъмин намудани як қисмати бештари хонандагони макотиби ноҳия аз ҳисоби истеҳсоли худӣ ба роҳ монда мешавад.

Вале боз ҳам мушкилоти ҷиддие мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо кори зиёдеро тақозо дорад. Мақсад ин аст, ки корхонаҳои истеҳсолӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимӣ робитаро бо падару модарон мустаҳкам намоянд. Зарур аст, ки либосҳои истеҳсолмешудагӣ сифатнок ва 70-75 фоизи он аз нахи пахта иборат бошад. Тарафи дигари масъала, ки он хело муҳим аст, дастрасии волидон ба нархи маҳсулот аст, ки бояд истеҳсолкунандагон ба ин ҷиҳати кор таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошанд. Роҳи дигари ҳалли ин мушкилӣ дар сифати баланд ва хушдӯхту шинам будани либос аст, ки он бояд ба синну соли хонандагон мувофиқ бошад. Барои амалӣ гаштани ин пешниҳодот ва ривоҷ ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳо масъулин ва бахусус роҳбарони ин коргоҳҳоро зарур аст, ки тарроҳони собиқадору пуртаҷрибаро ба кор ҷалб намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари ҷамъомаду суханрониҳои худ оид ба соҳаи маориф таъкид бар он мекунанд, ки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки таъмини мактаббачагонро бо либосҳои мактабӣ бо истифода аз захираю имкониятҳои худӣ ва бо қувваи худ ба роҳ монем. Дар ин раванд имконияти ҷамоатҳои деҳотии ноҳия беш аз дигарон аст. Зеро онҳо метавонанд дар назди ҷамоатҳои деҳот коргоҳҳои хурди дӯзандагиро таъсис дода, занҳои ҳунарманд ва соҳибтаҷрибаи деҳотро ба ин кор ҷалб намоянд, ки ин амалкард боз як масъалаи муҳими дигар, яъне бо ҷойи кор таъмин намудани занҳои хонашини деҳотро низ ҳал хоҳад кард. Ҳамин равишро дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳам ба роҳ мондан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро муассисаҳои таълимӣ замина ва таҷрибаи ташкилу ба роҳ мондани ин корро доранд. Чаро ки дар замони ҳукмронии Давлати Шӯравӣ қариб дар аксари муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ таҷҳизонидашуда мавҷуд буд ва дарсҳои омӯзиши дӯзандагӣ таълим дода мешуд. Ҳоло ҳам дар як қисми муассисаҳои таълимӣ ин синфхонаҳо амал мекунанд . Имрӯз низ бо тақозои зарурат имконияти онҳоро барқарор кардану ба роҳ мондан мавҷуд аст. Ҳамаи ин ва дигар омилҳои вобаста ба ин ба он оварда мерасонад, ки масъалаи бо сару либоси мактабӣ таъмин намудани мактаббачагон ҳалли худро ёбад.