Сб05262018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ СЕЮМ

Беш аз 165 нафар хонандагони  синфҳои 9, 10 ва 11-и ноҳия дар даври сеюми олимпиадаи минтақавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 17-18 ва 24-25 феврал дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар олимпиада хонандагони сездаҳ шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи мактаббачагони ноҳияи мо назар ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар аст. Зеро дар ҷамъбасти сабқат ноҳияи мо якҷо бо ноҳияи Шаҳринав пас аз ноҳияи Ҳисору Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар ин сабқат 115 нафар хонандагони синфҳои 9 ва 10 ва   50 нафар  хонандагони синфҳои 11 ноҳияи моро муаррифӣ карда, соҳиби 18 медалу ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.  Ҳабиб Баҳодур аз МТМУ рақами 9 ва Нуруллозода Шодмон аз МТМУ рақами 25 аз фанни таърих, Ҳоҷиева Гулсара аз МТМУ рақами 33 аз фанни ҳуқуқ, Саидов Бекназар, Касиров Шаҳобуддин аз МТМУ рақами 15, Файзалиева Ганҷина аз МТМУ рақами 19, Исматзода Мирмуҳаммад аз фанни география, Низомова Ҳусноро аз забон ва адабиёт, Наҷмиддиниён аз фанни англисӣ, Фархундаи Идибек аз биология, Шукронаи Ғуломалӣ аз фанни забон ва ададбиёт бо зеҳни буррову дониши фаррохи худ шарафи ноҳияи моро боло бардоштанд.

Ҷамъбаст нишон дод, ки аксарияти хонандагон бо медалу ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, хонандагони мактабҳои №1, 11, 25, 33, 6, 7, 40, 16, 19, 22 ва  20 мебошанд.

Дар кори ташкил ва баргузории сабқату озмунҳои сатҳи мактабию ноҳиявӣ ва минтақавию ҷумҳурӣ саҳм ва нақши муассисаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳияро қайд намудан бамаврид аст. Зеро имрӯзҳо дар ин муассиса аллакай тайёрӣ ба даври сеюми олимпиадаи номӣ ва даставӣ барои синфҳои 11   идома дорад.

Ҳамчунин дар пеш олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои табии риёзӣ барои синфҳои 5-8 истодааст, ки омодагиҳо ба он низ рафта истодааст.

Ғайр аз ин даври аввали озмуни байналмилалии  Н1РРО-2018 24 феврал баргузор гардид, ки дар он 13 нафар хонандагони ноҳияи мо иштирок варзиданд. Ин озмун ҳамасола дар байни хонандагони 27 кишвари гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Ғолибони озмун дар даври сеюм, ки  аз 12-13 май дар шаҳри Венетсияи Италия барпо мегардад, иштирок менамоянд.

Бо итминон гуфта метавон, ки сол аз сол сатҳ ва сифати донишу саводнокии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия боло меравад.