Вс09232018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ

Ҳамасола дар рӯзи Артиши миллӣ духтарон ба писарҳо, дар иди 8-уми март бошад писарон ба духтарҳо туҳфа медиҳанд. Агар аз таърихи ин идҳо пурсон шавед, навад фисад маълумоти носаҳеҳ доранд.

Барои ҳамин зарур аст, ки зимни машғулиятҳо ба мавзӯҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Махсусан дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҷоннок карда шаванд. Зери мафҳумҳои «Ватан», «Ватандӯстӣ», «Ватандорӣ» дарсҳои тарбиявӣ гузаронему мафҳуми вожаи «Ватан»-ро рӯшан созем.

Масъулини соҳа бояд тез-тез аз рӯи нақша дар байни хонандагон вохӯриҳо гузаронанд ва моҳияти ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор намоянд. Волидайн ҳам дар ин кор бояд саҳмгузор бошанд. Дар масҷидҳои ҷомеъ бошад, сархатибон ин мавзӯъро аз нуқтаи назари ислом шаҳр диҳанд.

Ана ҳамин шохаҳои асосии ҷомеа метавонанд насли ҷавони ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд ва ҷавонон масъулияти ватандориро дуруст дарк карда, ҳангоми даъват шудан ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан омода гарданд.

Ватандӯстӣ мактаби махсус аст. Вақтҳои охир қариб ҳама дар бораи хизмат ба ватан сухан мекунанд, лекин кам шахсоне ҳастанд, ки ин гуфтаҳоро дар амал татбиқ намоянд. Чуноне ки Лоҳутӣ фармудааст:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор, ё ҳарду.

Дар кишвари мо соле ду маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ доир мегардад.  Мавсими ҳар даъват мебинем, ки бо чӣ мушкилиҳо ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар менамоянд. Дар ҳамон вақт гӯё ҳама масъулон бедор мешаванду доди ватандорӣ мезананд, ба ҳар сӯ медаванд, ҷавононро пайгирӣ мекунанду ба сафи артиш мебаранд. Агар мо давоми сол бо ҷавонон  дар ин бобат кор кунем ва моҳияти ватандориро ба ҷавонон фаҳмонем, худи онҳо ҳифзи марзу бумро барои худ қарз мешуморанд ва ихтиёран ба хизмат мераванд.

Воқеан, нарасидани ашёи таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна барои гузаронидани дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз иллатҳои мушкилоти мазкур аст. Аз ин рӯ мо, омӯзгорон зарур медонем, ки раёсати молия маблағҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошавандаро дареғ надорад. Комиссариати ҳарбӣ бошад, дар ташкил намудани якчанд намуди либоси ҳарбӣ барои мактаббачагон чораҳо андешад, то ин ки мактаббача ҳангоми як ё ду бор пӯшидани ин либос худашро ҳамчун сарбоз ҳис кунад ва ҳаваси ӯ нисбати артиш зиёд шавад.

Насли калонсол хуб дар хотир дорад, ки даврони шӯравӣ ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомат дар муассисаҳо дарс дода мешуд ва аз рӯи он ҳатто озмунҳо ҳам мегузарониданд. Ҳоло чӣ? Ин кор чандин сол боз аз байн рафтааст. Ба ин хотир моро зарур аст, ки рӯзҳои дарси дифои ҳарбӣ бо Вазорати корҳои дохила маслиҳат намуда, як-ду автоматро бо муҳофизи Вазорати корҳои дохилӣ ба дарс биёрем ва корҳои амалӣ гузаронем. Ин усули амалии дарс ҳам ҳаваси ҷавононро зиёд мегардонад ва ҳам онҳо то даъват шудан ба сафи артиш тайёр мешаванд.

Агар мо дар якҷоягӣ ба ин равиш амал намоем, боварӣ дорем, ки мушкилоти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва хизмат дар он аз байн меравад.