Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Ин ҷо сухан дар бораи марди фарзонае меравад, ки ҳама гуна муваффақияту пешравиашро дар тарбияи шогирдони бешумори худ медонад. Ӯ бар он аст, ки инсон барои расидан ба орзуҳои накӯи хеш, бояд аз овони наврасӣ ҳамеша бо донишу донишандӯзӣ таваҷуҳ дошта бошад. Зеро танҳо ба ин васила кулли мушкилиҳои ба миён омада осон хоҳанд гашт. Ин гуфта  сухани бузургвореро ба ёд меорад, ки: «Дониш ва огоҳӣ калиде ҳаст, ки тамоми дарҳо бо он боз мешаванд».

Хушбахтона дар кишвари азизи мо як зумра ҷавонони  ҷасуру фаъол ва донишманду маърифатафрӯз кору зиндагӣ доранд, ки рӯзгору фаъолияти онҳо намунаи ибрат будаву шоистаи пайравӣ мебошад. Меҳриддин Содиқов аз ҷумлаи чунин инсонҳо мебошад, ки айни ҳол сарварии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияро ба  уҳда дорад. Муассисаи номбурда дар ноҳия калонтарин буда, чун муассисаи такягоҳӣ низ ба ҳисоб меравад.

Меҳриддин Содиқов, ки хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти кориашро соли 1996 дар ҳамин муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ оғоз намудаву то ба имрӯз ин ҷо кору фаъолият дорад. Маърифати баланд, фазли зиёд ва қобилияти кордонии ӯро ба ҳисоб гирифта, аз соли дуюми фаъолияти кориаш ҷойнишини сарвари муассиса оид ба масъалаҳои таълимӣ таъинаш намуданд. Дар ин паҳлӯи фаъолияти корӣ низ ӯ худро чун инсони ороста бо сифату зинатҳои зебои инсонӣ нишон дод. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  чун шахси чашмикордону бомаърифат   вазифаи мудирии Бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияро ба зиммааш гузоштанд. Баъди чанд муддати фаъолият дар ин бахши навтаъсис, меҳри беандоза ба таълиму ҳидояти шогирдон ӯро ба даргоҳи илму маърифат раҳнамун сохт. Муҳаббат ва алоқа ба ҳар кор, рамзи муваффақият дар он шинохта мешавад. Ҳамин муҳаббат ва алоқа аст, ки муассисаи номбурда зери роҳбарии устод дар ҳамаи самтҳои фаъолият миёни дигар муассисаҳои таълимии  ноҳия пешсаф аст. Аз оғози соли нави таҳсил то имрӯз муассисаи таълимии рақами 1 дар ҳамаи чорабиниҳои дохилимактабию ноҳиявӣ фаъолияти чашмгир дошта, ҳамзамон ба сифати таълиму тадрис дар он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Танҳо аз нимаи моҳи сентябр сар карда, то даҳаи аввали моҳи октябр чорабиниҳои зиёде, чун Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр), Мавлавихонӣ(30 сентябр), Рӯзи забон(5 октябр) дар сатҳи назаррас баргузор гардиданд, ки ҳамаи он бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи худи устод Меҳриддин Содиқов сурат гирифтанд. Натиҷаҳои заҳмату меҳнати устод хеле зиёданд. Як худи ёдовар шудан аз он ки шогирдон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки шомили гурӯҳҳои ӯ дарсмедодагӣ шаванд, нишони раҳнамо ва ҳидоятгари ҳақиқӣ будани ӯст. Чун аз рафти дарсҳои устод бармеояд, ки ӯ на танҳо аз чаҳорчӯбаи низоми таълимӣ истифода мебарад, балки аз сарчашмаҳои зиёди таълимию тарбиявӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ба қавли худи ӯ: «Устод бояд қабл аз ҳама ихлос дошта бошад, ба ҳамон фанне, ки таълим медиҳад. Ва зиёд бояд меҳрубон буд, чунки инсонҳо ташнаи муҳаббатанд ва меҳрубонии устод метавонад ангезаи ишқу иштиёқ ба фанни муайян ва касб дар қалби шогирдон ҷой диҳад». Аз ин рӯ бузургворон фармудаанд, ки: «Ба шогирдони худ ба нармӣ рафтор кунед».

Болотар аз ҳама устод дорои беҳтарин сифатҳои ҳамидаи   инсонианд. Марди хоксору ҳамадон аст ва метавонад бо дилхоҳ мусоҳиб сари мавзӯю масъалаҳои гуногуни илмӣ муддатҳои тӯлонӣ бо далелҳои мӯътамад изҳори андеша кунад, ки ин албатта, ҳунари андак нест. Бо ин ҳама ҳеҷ вақт лофи бузургманишӣ намезанад. Ва иддаояш ҳам ин аст, ки дар ҳама маврид бояд меъёрҳои эътирофшуда аз ҷониби инсон - адолату ҳақиқату ростӣ риоя шавад. Зеро ба қавли Аллома Иқбол:

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофару муъмин ҳама халқи Худост.