Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН ДАР ТАЪЛИМ

Муносибати босалоҳият ба таълим дар шароити муосир аслан масъалаи нав нест, он ҳанӯз дар сароғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада буд.  Дар давраҳои гуногуни инкишофи ин соҳа дар кишварҳои гуногуни олам дар таълифоти ҷудогонаи олимон таъкид мегардид.

Мафҳуми салоҳият дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” – лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст.

Дар таълими босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, вазифавӣ) равона мешавад. Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса кардан ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки “салоҳият”-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Салоҳиятнокӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Шуъбаи маорифи   ноҳия   ҷиҳати иҷрои  банди «Стратегияи рушди соҳаи маориф то соли 2020», «Оид ба низоми таълими салоҳиятнок» як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

 Аз ҷумла аз оғози соли таҳсили 2016 - 2017 татбиқи амалии яке аз нақшаҳои муҳим ва мураккаби Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, ислоҳоти мундариҷа ва муносибати таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар шуд. Татбиқи тадбири мазкур давра ба давра ба роҳ монда мешавад. Дар соли таҳсили ҷорӣ татбиқи муносибати салоҳиятнок дар таълими зинаи таҳсилоти ибтидоӣ оғоз гардид. Ба 329 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ноҳия  баъд аз омӯзиши даҳрӯза   аз тарафи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф «Шаҳодатнома оид ба низоми таълими салоҳиятнок» дода шуд.   Барои пурра татбиқ намудани низоми таълими салоҳиятнокӣ бо фармоиши мудири  шуъбаи маориф гурӯҳҳои ёрирасон ташкил карда шуд, ки дар он 19 нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб гардида, зиёда аз 38 соат дарсҳои кушоди намунавӣ аз тарафи онҳо  дар марказ ва минтақаҳо гузаронида шуд.

Дар аввал барномаҳо ба тариқи сабти видеоӣ дар фитаҳо дастраси омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Роҳнамо ва замимаҳо дар ду давра ба шуъбаи маориф ворид гардида ба муассисаҳои таълимӣ дастраси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ гардиданд. Дар ҷамъ 1590 шумораи роҳнамоҳо ва 90365 адад замимаҳо дастрас гардиданд.        

Таҳлилҳои як соли таҳсил нишон доданд, ки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия муносибати босалоҳиятро дар таълим хуб қабул намуда, аз рӯйи талаботи низом таълимро ба роҳ мондаанд. Мушоҳидаи раванди дарсҳо бошад, нишон дод, ки  хонандагон бо завқу шавқи зиёд фаъолиятҳоро иҷро менамуданд ва чӣ тавр зоеъ шудани вақтро ҳис намекарданду дар симояшон низ  мондашавӣ ба назар намерасид.  Маҳз ҳангоми суҳбату вохӯриҳо омӯзгорон ҳамеша саривақтӣ ворид шудани муносибати салоҳиятнокро дар таълим  изҳор намуда, иброз  доштанд, ки хонандагон аллакай омодаи омӯзиш бо низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошанд. Зеро бо пешрафти ҷомеа, истифодаи техника ва технологияи навин ҳар як шахсро лозим аст, ки ҳамқадами замон бошад, дониши давраи мактабхониашро дар амал татбиқ карда тавонад.