Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ҲИММАТИ КИТОБДОРИ СОБИҚ

Дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинобод иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Зоир Тоҳировро ҳамчун марди бофарҳанг мешиносанду ҳурматашро ба ҷо меоранд. 

Зоир Тоҳиров собиқадори соҳаи фарҳанг буда,беш аз 30 сол   мудирии китобхонаи деҳаи Заркамарро ба уҳда дошту ҳамдеҳагонашро  ба хондани китобу маърифати баланди рафтору гуфтор раҳнамоӣ мекард.

Дар арафаи рӯзи байналмилалии китоб ӯ тасмим гирифт, ки мағозаи дуошёнаи сохтаашро   ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронад, то ҳамдеҳагон онро  ҳамчун китобхона истифода баранд.

Бинои китобхонаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум фонди захиравии китоб нигоҳ дошта шуда, дар ошёнаи дуюм толори хониш ҷой гирифтааст.

Дар рӯзи кушодашавии китобхона раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда, ба ҳиммати баланди собиқадори соҳаи фарҳанг, иштирокчии ҶБВ баҳои баланд дод ва ӯро бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфа қадрдонӣ намуд.

Китобхона айни ҳол дорои 3500 нусха китобҳои нодир буда, аз он дӯстдорони китоб аз деҳаҳои Заркамар ва Мискинобод истифода мебаранд.