Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Инсон бо табиат зинда аст, зеро он манбаи ҳаёт дар кӯраи Замин буда, асоси инкишофи ҷомеаро ташкил мекунад, инчунин сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию  маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Аҷдодони мо ҳамбастагии обу ҳаво, набототу  ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд. Ин далели он аст, ки инсоният дар марҳалаи фаъолияти ҳамешагиаш ба масъалаҳои экологӣ бармехӯрад. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва берун аз он зист надорад, бинобар ин масъалаи экологӣ  яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳастии ӯст.

Ҳадафи тарбия ва маърифати экологӣ аз он ибрат аст, ки хонандаро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибат бо наботот, ҳайвонот, об, хок, ҳаво ва ғайраро ташаккул диҳад, то ки наслҳои оянда муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намоянд.

Бояд гуфт, ки масъалаи мушкилоти экологии ҳозиразамон дар китоби дарсии биология зикр наёфтааст. Бинобар ин ба омӯзгор лозим меояд, ки аз адабиётҳои ғайридарсии зарурӣ истифода карда, ба хонандагон моҳияти ин масъаларо фаҳмонад. Аввалан омӯзгор бояд таълими ин мавзӯъро аз баёни ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои он оғоз намояд. Барои он ки табиатро дӯст дорем, сараввал бояд қонунҳои инкишофи онро омӯзем. Ҳаёти имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии бамиёномада ҷустуҷӯ ва пайдо карда шавад ва ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набуда, дар ҳаллу бартараф намудани ин мушкилиҳо саҳми худро гузорад. Ин аст, ки яке аз вазифаҳои илми экология омӯхтани қонунҳои мутақобилаи табиату ҷомеа мебошад.

Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври қатъӣ ба экология рӯ  наорему барои ба эътидол овардани он кӯшиш ба харҷ надиҳем, рӯз аз рӯз  ногузир ба фалокат наздик хоҳем шуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои обхезӣ ва тундбодҳое  мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёраи Замин рух медиҳанд.

Дар семинарҳои доимамалкунандаи омӯзгорони фанни биология ва экология мавзӯъҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ муҳокима гардида, рефератҳо тайёр карда шудаанд.

Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ озмуни расмҳои беҳтарин бахшида ба беҳдошти муҳити зист ва экология гузаронида мешавад.

Ҳамчунин барои тарбияи  мутахассисони соҳа ҳамасола   хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои таҳсил ба факултаҳои экологии Донишгоҳ ва Донишкадаҳо фиристонида мешаванд.

Айни замон дар ин факултаҳо 9 нафар шогирдони  муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсили илм доранд.

Барои  баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта амалӣ шуда истодаанд.