Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ҶАҲОНИ ХУРАМӢ

НАЗАРЕ БА ПЕШРАФТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи мо, аз ҷумла  соҳаи асосиву пешбарандаи ноҳия - кишоварзӣ  таъсири хешро гузошт. Маҳз  шарофати истиқлолият, сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар  кишоварзони  файзободиро ба  кор дилгарм намуд. Бо дастгириву  ғамхориҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон замин ба дасти соҳиби асосӣ- деҳқон расид. Аввалин иқдом дар даврони  соҳибистиқлолӣ  бо Фармони  Сарвари давлатамон ба мардум додани заминҳои обӣ ва лалмӣ барои истифодаи бемуҳлат мебошад, ки имрӯз бо номи “заминҳои  президентӣ” ном бурда мешавад. Кишоварзӣ сол аз сол пеш рафта, тараққӣ мекунад. Пешравии соҳаро таҷдиди  хоҷагиҳои калони  кишоварзӣ ва ба дасти деҳқон гузаштани замин таъмин кард. Имрӯз дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ беш аз 3059 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтааст, ки  маҳсулоти фаровон истеҳсол карда, неъмати дастурхони мардумро зиёд мегардонанд.

Боғдорӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои шуҳратёфтаи  солҳои шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.  Солҳои навадум соҳаи боғдории Файзобод то андозе завол ёфт ва, гуфтан мумкин, шуҳрати себи хуштаъми Файзобод аз забонҳо афтид.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод (10 апрели соли 2014) ва ба бунёди боғи 120-гектара ибтидо гузоштани ӯ ба пешрафти соҳаи мазкур дар ноҳия  дилпурӣ мебахшад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин сафари худ бо назардошти мавҷудияти замин ва имкониятҳои фаровон супориш дод, ки майдони боғ дар 10 соли наздик ба 4 ҳазор гектар расонида шавад. Супориши Сардори давлат бе ягон дудилагӣ иҷро мешавад. Зеро мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  пайи амали ин супориш тадбиру чораҳои натиҷабахш мебинанд. Далел ҳамин аст, ки ба ҷойи 667 гектари нақша ҳамин сол дар 678 гектар замин боғ бунёд карда шуд. 

Мардум бо хубӣ дарк кардаанд, ки бунёди боғҳо имкони баланд бардоштани иқтисодиёти ҳар хоҷагиву оиларо муҳайё месозад.

Дар бораи шуҳрати картошкаи Файзободу картошкапарварони асилаш на як бору ду бор дар матбуоти кишвар  навиштаҳои таърифию таҳлилӣ рӯи чоп омадааст. Дар ин маводҳо аз шароиту имкониятҳои ривоҷи соҳа сухан меравад.  Воқеан ҳам, иқлими ноҳияи Файзобод барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани соҳаи картошкапарварӣ мувофиқ аст. Аз ҳамин ҷиҳат Сарвари давлат ҳангоми сафари корӣ  ба ноҳия 15 июли соли 2011 супориш дод, ки  майдони кишти картошка ба ҳазор гектар расонида шавад.  Пайи иҷрои супориши мазкур то соли гузашта кишти картошка ба 700 гектар расонида шуд. Имсол хоҷагиҳои кишоварзӣ  якҷоя бо аҳолӣ майдони картошкаро боз ҳам  зиёд  гардонданд.

Файзобод дар шафати Душанбешаҳр ҷойгир аст. Деҳқонони диёр вазифаи худ медонанд, ки аҳолии пойтахтро бо маҳсулоти тару тоза, хусусан сабзавот таъмин намоянд. Ҳангоми вохӯрии соҳибкорон  бо Президенти мамлакат, ки соли 2015 ба вуқӯъ омад, бонуи сабзавоткори файзободӣ Надежда Сулаймонова баромад намуда, қаламфури парваришкардаи худро, ки 600 грам вазн дошт, барои ворид шудан ба китоби Гинес пешниҳод намуд. Бонуи файзободиро, ки дар  занбӯрпарварию боғдорӣ низ муваффақ гардидааст, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ситоиш намуд.

Занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот вале  сердаромад  ба ҳисоб рафта, айни ҳол дар ноҳия  зиёда аз ҳафт ҳазору шашсаду панҷову чор  оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва  ҳамасола  то 90-100 оилаи занбӯр зиёд мешавад.  Соли ҷорӣ истеҳсоли  асал дар ноҳия ба 71 тонна хоҳад расид ва ин гувоҳи  инкишофи соҳа дар ноҳия мебошад.

Солҳои соҳибистиқлолӣ дар  ноҳия соҳаи асппарварӣ ҳам рӯ ба инкишоф овард.  Гуфтан мумкин, барқарор  намудани зоти  аспи тоҷикӣ низ  дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси  бобои Дӯстмурод Ҳакимов дар хоҷагии «Дошмандӣ»-и ноҳия   рӯи кор омад. Айни ҳол баробари ривоҷи чорвои калону майда ва занбӯри асал дар хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ» 403 сар аспи зоти  тоҷикӣ парвариш меёбад. Аспҳои зоти тоҷикии «Дошмандӣ» дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  дар сархати ҷойҳои ифтихорӣ меистанд.

Т. Соҳибназаров, «НФ».