Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

БОБОИ ОБОДКОР

Дар теппаҳои  тахту ҳамворгардидаи  наздикии дидбонгоҳи БДА, ки миёни мардум бо номи  “мавзеи  пост“  машҳур аст, аввали баҳор беш аз 300 адад дарахти  ҳамешасабзи арча шинонда шудааст.  Имрӯз ба  қомати  болои ниҳолакон дида дӯхтаву аҳсант  ба  бобои Қутбиддин Даҳмардаев  мегӯем, зеро  маҳз меҳнати  шабонарӯзии  ин пири  ҳаётдида буд, ки ин теппа саросар сабз гардидааст.

-Ростӣ мо аз кори бобои Қутбиддин қаноатмандем. Кош ҳама чун ӯ барои сабзондани дарахтон чунин  кӯшиш мекарданд, ба муйсафед  миннатдорӣ мекунад раиси Ҷамоати деҳоти Бӯстон Аҳтам Восеев.

Воқеан, вақти он расидааст, ки ба ҳамаи  қитъаҳои арчазори  дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Лахш ҷогирифта  чунин  ашхоси  меҳнатқаринро  ҷалб намоему табиати  афсункори диёрамонро  боз ҳам дар назди меҳмонон  сарсабзу хуррам гардонем.

 Моҳҷабин Исмоилова, донишҷӯи ДМТ.