Пт12062019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ДАР ДЕҲҚОНӢ НОМДОР

Акаи Нарзулло нисбати фарзандон сахтгир буд. Фарзандон баъди мактаб дар хона гирди падар парвонавор ҷамъ буданд, ба коре машғул мегаштанду ба оила нафъ меоварданд. Акаи Нарзулло асосан ба занбўрпарварӣ шуғл дошта, бори зиндагиро аз ҳамин ҳисоб мекашид.
Фарзандонаш Нуруллову Зиёдулло касби падарро идома дода, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанду ҳар кадоме 100, 180 оила занбўри асал доранд.
-Муваффақияти мо дар ин ҷода он аст, ки мо тарзи сунъӣ тайёр кардани модарзанбўрро ба роҳ мондаем. Ин ба мо имкон дод, ки аз як тараф ҳосилнокиро афзун диҳему аз ҷониби дигар   оилаҳои занбўрро зиёд кунем,- мегӯяд Зиёдулло . Ӯ баробари занбўрпарварию моҳипарварӣ, инчунин деҳқони таҷрибадор аст, ки ҳар сол аз ҳисоби парвариши сабзавот, хусусан помидор даромади калон мегирад.Ӯ роҳу усулҳои  нави парвариши  помидор ва таҷрибаи пешқадами соҳаро   ҳар сол дар кораш татбиқ менамояд. Бартарии кораш  он аст, ки ҳар сол тухми навъи «Бабка» ва «Вахверин»-и голандиро аввал дар қуттиҳо сабзонда баъди   8 см қад кашидан дар замин кучат мекунад.
Дар натиҷа помидор   20-25 рӯз пештар ба ҳосил медарояд.    Ин навъи тухмӣ дурага буда дар шароити обу ҳавои Файзобод аз ҳар гектар 40-50 тонна  ҳосил медиҳад.  
 Имсол барои таҷриба дар хона ӯ тухми  тарбузро бо усули кучати помидор ба роҳ монд.  Баъди ҷамъоварии картошкаи  барвақтӣ тарбуз кишт карду ҳосили хуб ба даст овард.  
  Зиёдулло ҳамчун кишоварзи  муваффақ дар  «Иди асал» ва намоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ   ширкат варзида ҷойи намоёнро гирифт.   Зиёдулло  Файзуллоев аз рӯи меҳнати пурмаҳсулаш зиндагии тенҷу осуда дорад. Дасташ ба ҳоҷатмандон мерасад. Фарзандонаш ҳам донишманду соҳибобрӯянд. Шамсулло духтури ҷарроҳи кӯдаконаи беморхонаи маркази ноҳия, Забҳулло муҳандиси барқи НОБ-и Роғун. Амрулло дар факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи кишоварзӣ мехонад. Фарзанди хурдиаш хонандаи мактаби миёна буда, баъди дарс ба падараш ёрӣ мерасонад.