Пн12092019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ЧАРОГОҲ - ЭҲТИЁҶИ АҲОЛӢ БА ОН РӮЗ АЗ РӮЗ МЕАФЗОЯД

ЧАРОГОҲ - ЭҲТИЁҶИ АҲОЛӢ БА ОН РӮЗ АЗ РӮЗ МЕАФЗОЯДЯке аз масъалаҳое, ки айни ҳол  сокинони ноҳияро нигарон кардааст, тақсиму истифодаи босамари  чарогоҳҳо мебошад, ки мардум дар вохӯриҳо ҳалли онро аз иҷрокунандаи раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода хоҳиш намуданд.  Айён аст, ки имрӯз   барои чорвои  калону майдаи мардум   чарогоҳ  намерасад. Роҳбари ноҳия   ҳалли масъаларо аз масъулин талаб кард.    Мо  тасмим гирифтем,  мавзӯи мазкурро      мавриди пайргирӣ қарор диҳем.  Аз идораи кишоварзии ноҳия ва ҳисоботҳои оморӣ рӯшанамон гардид, ки   айни ҳол дар ноҳия 50529 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки  32559 гектари он ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва сокинони ҷамоатҳо вобаста  шуда,  боқӣ - 8296 гектараш   дар тавозуни  муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия мебошад. Аз ҷумла ба аҳолии ҷамоатҳои деҳоти  Бӯстон 901 гектар,   Меҳробод 2895 гектар,  Вашгирд 2477 гектар,  ба номи  Дӯстмурод Алиев 7742 гектар,   Ҷавонон 4691 гектар, Чашмасор 1503 гектар,   Қалъаидашт 5640 гектар,   Мискинобод 6682 гектар. Аз гуфти  масъулин     бармеояд, ки майдони чарогоҳҳои  ба  ҷамоатҳо тақсимшуда талаботи мардумро қонеъ мегардонад. Вале     ин тавр нест. Рӯ   меорем ба шарҳи  рақамҳо.  Дар ҷамоати деҳоти Бӯстон 3126 сар чорвои калони шохдор, 4067 сар бузу гӯсфанд ва 23 сар асп мавҷуд асту  дар деҳаҳои ҳудуди он- Офтобрӯя 77 хоҷагӣ, Ҳаймаҳмадӣ 163 хоҷагӣ, Шӯлашак 33 хоҷагӣ, Бӯстон 256 хоҷагӣ ва Чилчашма 371 хоҷагӣ зиндагӣ доранд. Чаргоҳи ба ин ҷамоат вобасташуда  900 гектар буда,   750 гектари он ба хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва  инфиродӣ вобаста мебошад, танҳо    150 гектарашро    аҳолӣ истифода мебарад.  Ҳол он ки дар асоси дастури мутахассисони соҳа   барои парвариши як сар чорвои калон камаш як гектар замини чарогоҳ лозим аст. Ва ин худ аз худ гувоҳи он аст, ки замини  чарогоҳи ҳудуди ҷамоати Бӯстон барои чорвои аҳолӣ басанда нест. Сокинони ҷамоати деҳоти Меҳробод    5850 сар ҳайвони калони шохдор  ва 11877 сар чорвои майда доранду  чарогоҳи аҳолӣ бошад 1971 гектарро ташкил медиҳад. Яъне чӣ тавре аён  мегардад, майдони  чарогоҳ ба талаботи  чорвои мавҷуда мувофиқ  нест.  Асосан  чарогоҳҳои ҳудуди ҷамоатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ  ва инфиродӣ вобаста шудааст, аммо  онҳо ба қадри даркорӣ чорво надоранд.  Масалан, хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров дорои 5477 гектар чарогоҳ буда, ҳамагӣ 40 сар ҳайвони калони шохдор, 350 сар чорвои майда ва 47 сар асп дорад. Хоҷагии деҳқонии Дошмандӣ дорои 3717 гектар майдони чарогоҳ буда 397 сар чорвои калон, 5800 чорвои майда ва 430 сар асп дорад. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия бошад соҳиби 8391 гектар чарогоҳ будаву 26 сар чорвои калон 183 сар моли майда дорад. Яъне тавре   маълум мегардад,  қисми зиёди чарогоҳҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣ  соҳиб шудаанд.   Имрӯз барои 36960 чорвои калон ва 70636 сар чорвои майдаи аҳолӣ буду шуд 28561 гектар чарогоҳ ҷудо шудааст, ки басанда нест. Аммо хоҷагиҳои деҳқонӣ  қисмати зиёди чарогоҳои худро ба одамони алоҳида ва аҳолӣ шартнома баста тақсим карда додаанду худ пайи зиёд кардани саршумори чорво нестанд.
Раиси кумитаи маҳаллаи Карсанг Н. Салимов аз ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва раиси кумитаи маҳаллаи   Кенҷаобод аз ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев  С. Табаров иброз доштаанд, ки барои чорвои аҳолии деҳаҳои мазкур  чарогоҳ мерасад. Зеро сокинони ин деҳаҳо ба раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои истифодаи 300-350 гектар чарогоҳ шартнома бастаанд. Дигар ин ки аҳолии ин деҳаҳо баъди ҷамъоварии алафҷойҳо  заминро ҳамчун чарогоҳ  истифода мебаранд. Вале ҳастанд раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, ки худ чорво надоранд ва чарогоҳҳоро ба аҳолӣ барои истифодабарӣ  намедиҳанд. Чунин иддао доранд:Чорво   кардӣ,  илоҷашро ёб!!  Магар ин аз рӯи инсоф аст ?!
Сардори муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳия Муродулло Нуров зимни суҳбат иброз дошт, ки аз 8296 гектар замини чарогоҳе, ки ба муассисаи онҳо  тааллуқ дорад, 1671 гектараш   мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва 2135 гектараш бо қарори раиси ноҳия ба хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назиров ҳамчун чарогоҳ барои истифодабарии дарозмудат дода шудааст. Ҳамчунин дар заминаи  чарогоҳи фонди ҷангал 11 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ чун- “Аюбӣ”, “Сафедорак”, ” Ёқубзода”, “Шамол”, “Дилшод”, “Ҳодиҷон”, “Лолазор”, “Ҷӯрақул”, “Содиқзода”, “Дошмандӣ” дар майдони 4914,5 гектар ташкил карда шудааст, ки аксарияти онҳо ба қадри замини ишғолкарда чорво надоранд. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал 1900 гектар майдон чарогоҳро мувофиқи шартномаи тарафайн ба шахсони воқеъи   ба истифодабарии дарозмудат дода, майдони 3000 гектар подачароро ба сокинони деҳаҳои Яккабед, Файзова, Калшодӣ аз ҷамоати деҳоти Меҳробод, Дова, Арзанова, Оби Сангбур, Карсанги яку ду ва Чаноро аз ҷамоати деҳоти Ҷавонон барои истифодабарии дарозмудат додааст. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ҳар доим дархости аҳолиро ба инобат мегирад ва мекӯшад, ки  мардумро ба чарогоҳ таъмин кунад.  
Айни вақт дар ҷамоати деҳоти  Мискинобод ба қадри даркорӣ чарогоҳ мавҷуд аст. Пас сабаб чист, ки сокинони деҳаҳои ҳудуди ҷамоати мазкур аз нарасидани чарогоҳ  шикоят мебаранд? Дар  деҳаи Фақиробод ин ҷамоат  150 хоҷагӣ зиндагӣ доштаву 371 сар ҳайвони калони шохдор, 1056 сар моли майда нигоҳдорӣ мекунанд. Аммо мувофиқи саршумори чорво чарогоҳ надоранд.
- То соли 2014   аҳли деҳа аз чарогоҳи Сардара истифода мекард. Аммо раиси хоҷагии деҳқонии тухмипарварии А. Назиров чорвои деҳаро бо баҳонаи касалии бурселлёз аз чарогоҳ маҳрум кард. Айни ҳол ин  мавзеъро    соҳибкорон  Хайриддин Расулов ва Собир Аҳмадов  ба  хоҷагии деҳқонӣ табдил дода   чорвои шахсиашонро   мечаронанд. Вақте мардум ба раиси ҷамоати деҳоти Мискинобод арз мекунад,  ӯ маслиҳат медиҳад, ки , ки аз чарогоҳои деҳаи Гултеппа истифода баранд,  вале мардуми деҳа розигӣ намедиҳанд,- мегӯяд Зикриё Тешаев,  раиси маҳаллаи деҳаи Фақиробод.  
Баъзе раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ подачароҳои худро ба мардум доданӣ нестанд ва мегӯянд чорво, ки кардед,  дар хона нигоҳ доред. Андози заминро мо месупорем, даъво пеш меоранд онҳо. Чунин рафтори раисони хоҷагии деҳқонӣ мақоли халқии на худ хӯру на ба кас деҳро ба ёд  меорад.
Дар моддаи 14-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳҳо”,    омадааст, ки :“ Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ дар сурати доштани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё шартномаи иҷора ба миён меояд. Сертификати ҳуқуқии истифодабарии замин барои чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти саршумори чорво ва намудҳои чорвои дар ихтиёрашон буда ва рушди минбаъдаи ин соҳа ба тартиби муққарар намудаи кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад”. Аз ин қонун  бармеояд, ки замини чарогоҳ ба хоҷагиҳо ва шахсони воқеӣ барои рушди соҳа ва зиёд намудани саршумори чорво нигаронида шудааст. Вале хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ва шахсони воқеӣ замини чарогоҳҳои зиёдеро   ба тиҷорат табдил дода, ба манбаи даромади  бедардимиён қарор  додаанд. Барои исботи гуфтаҳои болоӣ чанде аз хоҷагиҳои деҳқониеро    ном мебарем, ки мувофиқи  чарогоҳҳои доштаашон  чорво надоранд: Хоҷагиҳо деҳқонии “Дараи Бақо”(раисаш А.Ғаюров),   “Додулло” ( Д. Одинаев),   “Тавакал” (  Т. Шамсов),   “Ҳасанӣ” (   Х. Хайруллоев) аз ҷамоати деҳоти Меҳробод,  “Қошқарӣ” (  М. Шукуров),  “Охун” (  М. Охунов),  “Чорчашмаҳо” (   Ҳ. Ҷобиров) аз ҷамоати деҳоти Вашгирд,   “Дашти Бод” (  У. Каримов),    “Дишаи хинг” (  З. Каримов),  “Қурбоналӣ” (  Ҷомаҳмадов),   “Саид” (  С. Сафаров) аз ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев,    “Қиём” (  Валиев), аз ҷамоати шаҳрак,  “Бобоназар” (  Б. Назаров), “Ғайратшоҳ” (   Н. Аҳмадхонов),   “Дилзода” (  Ш. Латипова),   “Маҳмадулло” (  Абдуллоев) аз ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт,  “Гулмаҳмад” (  Л. Шарипов),    “Дилшод” (  А. Сайфиддинов),   “Самариддин” (  М. Раҳматов) аз ҷамоати деҳоти Мискинобод . Ин хоҷагиҳо    аз 100 то 500 -гектарӣ   чарогоҳ  аз худ карда   аз 5-20-сарӣ чорвои калон ва 350-400 сарӣ моли майда доранд.  Баъзеи   ин хоҷагиҳо  тамоман чорво надоранд.  Акнун бияндешем, ки хоҷагиҳои аз 100 гектар кам чарогоҳ дошта чӣ қадар бисёранд. Онҳо бо хости дили худ заминро,  чӣ тавре дар боло ишора кардем ба тиҷорат  табдил додаанд.   Ва чӯпонҳои навбаромад бошанд ба ҳар як чорвои  майда 10 сомонӣ ва ба чорвои калон аз 40 то 50 сомон нарх мегузоранд. Маҳз онҳо  хӯҷаини замин шудаву намегузоранд, ки  чорвои мардум ба ҳудуди заминҳо  ворид шавад. Шояд  чунин  соҳибкорони беҳуҷҷат    даҳҳо нафаранд. Ва ин    як манбаи андоз ба буҷаи ноҳия  ҳисоб мешавад, аммо мақомоти андози ноҳия ба онҳо   коре надоранд. Чунин “соҳибкорон” дар заминҳои  хоҷагии ҷангал низ фаъолият мекунанд. Онҳо аз куҷое, ки дилашон хост, чорворо мегиранду ба чарогоҳҳо мебаранд, ҳол он ки дар бораи  ваксинатсия шудани чорвоҳои мазкур  аз ҷониби  хадамоти назорати бойторӣ ҳуҷҷате дар даст надоранд.
Ҳангоми баррасии ин мавзуъ бо    чанде аз раисони деҳаҳо суҳбат доштем. Онҳо аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳо  маҳкам шудани роҳҳои подарави аҳолиро низ  иброз доштанд. Тасарруфи роҳу пайраҳаҳои  чорвогузарро аз ҷониби баъзе ашхос  мавзӯи  таҳлили баъдӣ  хоҳад шуд.
Зимни баррасии мавзуи мазкур  маълум гардид, ки дар чанд ҷамоати деҳоти ноҳия  соли 2010 барои чорвои аҳолӣ бо амри раиси ноҳия чаррогоҳҳо вобаста шудааст.  Барои нигоҳ доштани чарогоҳҳои маҳаллҳо  дар оянда таъсиси ҷамъиятҳо ва ё кумитаҳои   истифодабарандагони чарогоҳ ҳатмист. Ин заруратро бандҳои 1 ва 2-и моддаи 7-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳҳо” низ таъкид мекунад. Дар қонуни мазкур омадааст :  “1. Шахсоне, ки дар моликияти шахсӣ чорво доранд, метавонанд ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагонро таъсис дода, ба мақомоти давлатии дахлдор барои ба иҷора гирифтани замини чарогоҳ муроҷиат намоянд. Ба ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон инчунин хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳистифодабарандагони алоҳида аъзо шуда метавонанд.
2. Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ба мақомоти давлатии дахлдор бо дархост муроҷиат намуда, замини таъиноти  чарогоҳро тибқи шартнома ба иҷора мегирад ва онро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода мебарад”
 Хуб мешуд, ки бо дастрасии моддаи 16-и қонуни номбаршуда,  бо мақсади истифодабарии самараноки чарогоҳ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба мутобиқати чарогоҳ дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ аз ҳисоби намояндагони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мутахассисони мақомоти маҳаллии заминсозӣ  ва намояндагони чорвоистифодабарандагон таъсис дода  шавад, то дар мавриди пайдо гардидани баҳси  чарогоҳ  дар  сатҳи даркорӣ барасӣ намояд. Ба андешаи мо, дар ин сурат арзи мардум сари вақт санҷида мешаваду мардум шикоят намебаранд.


Тиллои СОҲИБНАЗАР,
 хабарнигори “НФ” .