Вт08042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ПИЛЛА АЗ НАВЪИ НАВ

Соҳаи пиллапарварӣ яке аз самтҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Зиёда аз понздаҳ рӯз мешавад, ки Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба ҷамъоварии пилла машғул аст. То ин дам аз кирмакпарварон 2800 кг пиллаи тар қабул шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ки баробар аст.  Тавре дар суҳбат Ҷамшед Қодиров сардори Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба мо гуфт: «Ин шабу рӯз маъракаи супоридани пилла дар авҷ аст. Қисме аз кирмакпарварон аз як қуттии кирмаки навъи хитоӣ то 65 кг пилла супориданд». Бояд гуфт, ки навъи кирмаки зикршуда соли дуюм  аст, ки дар ноҳия парвариш мешавад. Парвариши ин навъ нисбат ба навъҳои дигар осонтар буда,  як  қуттии он дар давоми парвариш аз 900 то 1100 кг барг истеъмол мекунад.  Нақшаи имсолаи пилла 4 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1 тонна кам аст.
Дар маъракаи пилласупории имсола  ҷамоати деҳоти Вашгирд пешсаф буда, нақшаи ба зимма доштаашро қариб ки иҷро кардааст.  Маврид ба ёдоварист, ки нархи 1 кг пилла дар ин мавсим аз 5 то 7 сомониро дар бар мегирад, ки ба нархи соли пешин қариб ки баробар аст. Ҳамчунин Ҷамшед Қодиров афзуд, ки ният дорем кирмакпарварони пешқадамро ҳавасманд гардонем. Умед мебандем, ки то охири мавсим  нақша иҷро мегардад.


Дар сурат: Сардори идораи КФП-и ноҳия Ҷ. Қодиров ҳангоми қабули пилла аз кирмакпарварон.


С. ЮНУСЗОДА, «НФ».