Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

БОҒИ ДАШТИ МАРЗО: ПЕШРАФТУ МУШКИЛИҲО

                                                                                                                              Ҷура ДавлатовТашрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (10 апрели соли 2014) ба бунёди боғи 120-гектара дар деҳаи Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ибтидо гузошт.

Сарвари давлат ниҳоли аввали боғро бо дасти худ шинонда супориш дод, ки бо имконияти мавҷудоти замин ва обу ҳавои тозаи Файзобод дар даҳ соли охир майдони боғ ба 4 ҳазор гектар расонида шавад. Пайи иҷрои супориши Сарвари давлат боғпарварон, гуфтан мумкин, камари ҳиммат бастанд. Боғи дар шафати чапи деҳаи Дашти Марзо дар ҷои тахту ҳамворе, ки солҳои пешин картошка кишт мекарданду ҳосили баланд мегирифтанд, доман паҳн кардааст. Айни ҳол зиёда аз 55 нафар хоҳишмандон дар ин минтақа боғ гузаронида хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карданд. Рӯзе, ки мо аз боғи яксаду бистгектара дидан кардем, Ҷӯра Давлатов, Қурбоналӣ Абдураҳимов, Соҳибҷамол Давлатова, Хуршед Неъмонов, Теша Назаров, Сияр Табаров, Теша Холов ва Одина Бобиев бо аҳли оилаашон ба ҷамъоварии меваҳои боғашон машғул буданд.

Сардори хоҷагӣҶӯра Давлатов аз ҳосили боғаш қаноатмандӣ карда гуфт, ки меҳнати кашидаамон барабас нарафт. Аллакай дар соли чорум 60 фоиз ниҳолҳои себ ҳосил бастанд. Чил фоиз боғро маҷбур шудем аз нав барқарор кунем. Зимистон сербориш омаду кӯрмушҳо пӯсти ниҳолро хоида хушк карданд. Илоҷи корамонро наёфтем. Бо маслиҳати мутахассисон заҳрхимикатҳо пошидем, натиҷа надод. Маҷбур шудем, симтӯр харида дар беху танаи себ печонида, аз нисф зиёд дарахтони боғро аз нестшавӣ раҳонидем.

Ҳар як боғпарвари боғи 120-гектара аз таҷрибаи пешқадам ва қоидаҳои агрономӣ пурра истифода мебарад. Ба ниҳолҳо нуриҳои органикию минералӣ, инчунин нуриҳои маҳаллӣ медиҳанд. Ҳар боғпарвар аз корхонаи «Ганҷи ҳилол» аз панҷ то даҳ мошин порӯи мурғ оварда ба ниҳолҳо озуқа додаанд.

Мушкилоте, ки имрӯз боғпарварон доранд, нарасидани оби полезӣ мебошад. Як насос, ки сокинони ду ҷамоатро бо оби полезӣ таъмин мекунад, басанда нест. Зеро хоҷагии тухмипарварии А.Назиров имсол дар 124 гектар картошка шинонд. Картошка бошад оби фаровонро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин мушкилотро боғпарварон паси сар карданианд. Ҳоло зиёда аз даҳ нафар, ки аз 2 то 6-гектарӣ боғ доранд, аз чоҳҳои амудӣ истифода мебаранд. Вале баъзеи онҳо дар қитъаҳои боғи худ чоҳи амудӣ канданд, вале об пайдо нашуд. Боғпарвароне, ки дар ҳамсоягии ман боғ доранд, ба воситаи насосҳои обкаш аз чоҳи амудии ман истифода мебаранд, - мегӯяд Ҷ.Давлатов. Кандани чоҳҳои амудӣ ва заҳбурҳо ба манфиати кор аст. Зеро замини 120-гектара, ки дар он боғ бунёд шудааст, шибар  буда, дар чуқурии ду-се метр оби зиёд дораду барои боғ созгор нест. Дарахти ду-се сол хуб нашъунамо карда ҳангоме, ки решааш ба оби зеризаминӣ расад, хушк мешавад. Боғпарварон инро дарк карда, чоҳу заҳбур  канданд, то ки боғашонро аз хушкшавӣ эмин доранд. «Солҳои пеш дар ин қитъаи 120-гектара картошка кишт мекарданд, оби полезӣ басанда буд-ку?» – мепурсем аз боғпарварон.

«Давраи шӯравӣ кори ҳамаи чоҳҳо фаъол буд, оби полезӣ басандагӣ мекард. Айни вақт бошад фақат як чоҳ кор мекунад»- ҷавоб гирифтем мо.

Боғи Қурбоналӣ Абдураҳимов, Давлат Мирзоев, ки ҳарду омӯзгоранд, диданӣ мебошад. Сарсабзию ҳосили бастаи ниҳолҳои себро дида ҳаваси кас меояд. Ҳакиме мефармояд, - мегӯянд омӯзгорон: «Хоҳӣ рӯзат хуш гузарад, дарахт шинон ва агар хоҳӣ, ки  соли умрат хуш гузарад, боғ бунёд кун». Тасмим гирифтем баробари тарбияи насли наврас ба бунёди боғ шуғл варзем ва кори хайреро ба сомон расонем.

Имрӯз ҳосили дастранҷамонро дида курта-курта гӯшт мегирем. Ҳосили ҷамъовардаамон аз ду тонна зиёд аст. Ҳамаи ниҳолҳои  боғ ба ҳосил дарояд, аз даҳ тонна зиёдтар себ мегирему зиндагиамон тинҷтар мегардад.

Ростӣ, мо аз маслиҳату ёрии беғаразонаи боғпарвари асил акаи Одина хело миннатдорем. Бо маслиҳати ӯ боғ бунёд кардему ҳосили хуб ба даст овардем.

Одина Бобоёров боғбони асил аст. Ниҳолҳои боғи парваришкардаи ӯ сарсабзу серҳосиланд. Ӯ ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода кардааст. Чоҳи амудӣ, ки дорад, дар байни қаторҳои боғ ҷуворимакка, картошкаю сабзавот кишт кардааст, рӯзи будани мо ҳосили картошкаашро ҷамъоварӣ мекард. Халтаҳои зиёди қаторбуда аз ҳосили баланди бадастовардаи акаи Одина дарак медод.

- Чӣ мушкилӣ доред? - мепурсем аз боғпаварон. Мушкилии асосии мо нарасидани оби полезист. Вале боварӣ дорем бо кӯмаку дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода оянда нарасидани об ҳали худро меёбад, - бо қаноатмандӣ иброз карданд боғпарварон.

Мушкилии дигаре, ки боғпарварон ибрози ақида доранд, ин фаъол набудани хоҷагиҳои ниҳолпарварист. Ниҳолҳои аз ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав ва Ҳисор бо нархи қимат харида оварда мешавад, ба иқлими ноҳияи мо мувофиқ набуда, сӣ фоиз ниҳолҳо хушк мешаванд. Дигар ин ки ниҳолҳои харидашуда навъҳои хубу серхаридор нестанд.

Аз гуфтаи боғпарварон бармеояд, ки бояд ба ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ рӯй биорем, то ки мушкилоти боғпарварон ҳалли худро ёбаду барои равнақи соҳаи боғпарварӣ, ки солҳои минбаъда ба чил ҳазор гектар расонида мешавад, хоҷагиҳои ниҳолпарвар саҳм бигиранд.

Дар сурати аввал: Ҷӯра Давлатов. Дар сурати дуюм Абраҳмонов Қурбоналӣ, Мирзоев Давлатбек ва Бобоёров Одина.   

Т. СОҲИБНАЗАРОВ, мухбири «НФ».