Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ҶДММ «ЭЛОК-15» ҲАФТ НАМУДИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

 

Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин корхонаи коркарди шир дар ноҳия ба фаъолият оғоз кард.

Соҳибкор Рустам Назриев, ки чанд сол боз дар деҳаи Элок   нуқтаи қабули ширро бунёд карда буд, бо дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода тасмими дар маркази ноҳия таъсиси корхонаи коркарди ширро намуд. Ва, инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-15» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Тавре аз суҳбат бо чандин нафар сокинони ноҳия дарёфтем, маҳсулоти корхонаи мазкур серхаридору аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мувофиқ ба талаботи рӯз истеҳсол мешавад.

-Харидори асосии маҳсулотҳои истеҳсоли корхонаи мо сохтмончиҳои неругоҳи обию барқии Роғун, сокинони шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе мебошанд. Дар ибтидои кор мо ҳар рӯз 1,5-2 тонна ширро коркард намуда аз он ҳафт намуди маҳсулот, аз қабили қаймок, сметана, ҷурғот, творог, сир, дуғоб, яхмос тайёр кардем. Дидем, ки харидорони маҳсулоти тайёркардаи мо рӯз аз рӯз зиёд мегардад, тасмим гирифтем, ки истеҳсоли маҳсулотро боз ҳам афзун намоем. Айни ҳол ҳар рӯз бештар аз 4,5-5 тонна шир коркард мешавад, -иброз намуд сардори корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-15» Рустам Назриев.

Технологи корхона Шоҳрӯх Ғайратшоев аз меҳнати 15 нафар истеҳсолотчиён қаноатмандӣ изҳор карда гуфт, ки худи ӯ дар ҶДММ «Лазиз»-и шаҳри Ваҳдат фаъолият дошт. Ҳис карда шуд, ки ӯ мутахассиси хуби соҳа мебошад.

Масъулони корхона дар фурсатҳои наздиктарин нияти истеҳсоли қурути Файзободро низ доранд.

Чи тавре аз суҳбати сардори корхона огоҳ гаштем, барои васеъ кардани иқтидорҳои нав дар корхонаи мазкур имкониятҳои зиёде мавуд аст. Соҳибкор мақсад дорад барои камаш 8-10 тонна шир таҷҳизоти лозимаро оварда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намояд.

Воқеан ҳам, имкони дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди чунин корхонаҳои шир муҳайёст, зеро шири дар як шабонарӯз истеҳсолмекардаи чорводорони ноҳия 38 тоннаро ташкил медиҳад, ки коркарди саноатии он зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, ки нафарони зиёде соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гарданд.

Т. СОҲИБНАЗАРОВ, хабарнигори «НФ».