Пт08172018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ БАҲОРӢ

Нақшаи кишти баҳорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон барзиёд иҷро гардид. Деҳқонони асил дар майдони 495,1 гектар кишт гузаронида нақшаро 102 фоиз таъмин карданд.Айни ҳол пайи иҷрои нақшаи кишти сабзавоту бунёди боғ кӯшиш доранд

Кишоварзони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, ба номи Дӯстмурод Алиев дар остонаи иҷрои нақша қарор доранд.

Нақшаи кишти баҳорӣ дар маҷмӯъ 78 фоизро ташкил мекунад. Дар сурати таъмини пурраи нақша майдони кишти баҳорӣ дар ноҳия ба 3470 гектар мерасад.

Картошкапарварон низ аз ҳар соату рӯзҳои офтобии баҳор истифодаи хуб мебаранд. Деҳқонони Ҷамоати Меҳробод пешсаф буда дар майдони 50 гектар картошка шинонданд. Имрӯзҳо деҳқонон барои фаровонҳосилии картошказорҳо корҳои ғизодиҳиву обмониро хуб ба роҳ мондаанд.

Дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон дар майдони 50 гектар, ба номи Дӯстмурод Алиев дар майдони 71,2 гектар, Ҷавонон 100 гектар, Чашмасор 90 гектар, Қалъаидашт 53 гектар ва Мискинобод 82 гектар кишт гузаронида шудааст.

Имсол дар ноҳия дар майдони зиёда аз 600 гектар картошка кишт карда мешавад.

Т. СОҲИБНАЗАРОВ.