Сб02242018

Last updateПт, 16 Фев 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ХУРШЕДӢ

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар ин радиф мардуми сарбаланду меҳнаткаши диёри файзбори мо ҳам баробари кулли сокинони кишвар ҷашни фархундаву рӯ ба некиоварандаро хушу хуррам истиқбол карданд.

 Сокинони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия ҳафтаи сипаришуда дар маркази ҷамоат назди шоҳроҳи Душанбе-Рашт бо намоиши ҳунару дастовардҳои худ фарҳангу оини аҷдодонамонро ёд оварданд. Он рӯз баҳри таҷлил аз ин ҷашни хуршедӣ пиру барнои ҳашт деҳаи Ҷамоати мазкур ба таҷлилгоҳ омада, бо замзамаи шеъру таронаҳои халқӣ кафкӯбӣ мекарданд. Муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунайдовна ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни хуршедӣ муборак гуфта, барори кори эшонро намуд.

Намоиши дастранҷи чеварону косибон, дуредгарону кандакорон Шарбону Раҳимова, Садбарг Салимова, Раҷабгул Абдуллоева, Файзимоҳ Сайфуллоева, Маҳмадулло Бобиев ва дигарон ба ҷашнвора ҳусни хоса зам намуд.

Дар ҷараёни баргузории ҷашни Сада фаъолону пирони рӯзгори ҳудуди Ҷамоати мазкур бо хушнудӣ ибрози андеша намуданд, ки таҷлил аз оину фарҳанги ниёгон моро ба худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву меҳанпарастӣ мебарад. Ин пешниҳоди Сарвари давлат ба мардуми ҳунарманду меҳнаткаши тоҷик армуғони тозаест пешопеши таҷлили иди Сада.  Ба ин хотир моро зарур аст, ки  ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ беҳтару бештар саъй кунем.