Сб02242018

Last updateПт, 16 Фев 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ШИР ҲАСТ, КОРХОНА НЕ!

«ҚУРУТИ НУРОБОД» ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАДУ
ШИРИ ФАЙЗОБОД АРЗОНУ НОТАЙЁР БА ФУРӮШ МЕРАВАД

Дар Паёми ба тозагӣ ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид шудааст, ки ба «ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем».

Ин таъкиди Сарвари давлатамон саривақтӣ буда, ҳамагонро   водор месозад, ки пайи амалӣ намудани он ҳама чораҳои имконпазирро бинем, то маҳсулоти  истеҳсолшуда на дар шакли хом,  балки дар шакли  тайёр дар рафи фурӯшгоҳҳо ҷо гирад. Дар ин  сурат имкон пайдо мешавад, ки баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба буҷаи ноҳия ҳам маблағи зурурӣ ворид гардад.

Чандест, ки раиси ноҳия барои  ташкили корхонаҳои  коркарди шир   масъулинро   таъкид мекунад, аммо ҷиддан онҳо  пайи бунёди чунин корхонаҳо нестанд. Чаро?

Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки соҳаи чорводорӣ сол аз сол дар ноҳия тараққӣ кардаву нақшаи истеҳсоли ширу гӯшт иҷро мегардад. Вале, чӣ тавре мушоҳида мегардад, шир дар  ноҳия коркард  нагардида, берун аз ноҳия фурӯхта мешавад.

Ҳол он ки дар гузаштаи начандон дур  дар назди собиқ бозори «Хайр»-и маркази ноҳия сехи коркади шир ташкил шудаву қариб даҳ намуд маҳсулоти ширӣ тайёр мекард.

Айни ҳол нуқтаҳои ширқабулкунӣ дар деҳаҳои Элоку Мискинобод низ мавҷуд асту ҳар кадоми онҳо яктоннагӣ ширро аз аҳолӣ қабул карда, нотайёр ба фурӯш мебароранд.

Оё барои  ташкили кохонаҳои  коркарди шир  дар ноҳия   маҳсулот нест? Ҷавоби ин савол моро ба суҳбати  сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия  Сайдалӣ Шамсов кашид.

- Бояд қайд кард, ки солҳои охир баробари меваю сабзавот истеҳсоли ширу гӯшт дар ноҳия зиёд мегардад. Ин натиҷаҳо моро водор месозад, ки коркард, бандубаст ва сифати маҳсулоти соҳаро афзун намоем. Вале, мутаассифона, айни ҳол ба он муваффақ нагаштаем. Дар самти коркарди маҳсулоти чорво, яъне истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, мебояд дар нуҳ ҷамоате, ки дорем, сехҳои коркарди ширро ба роҳ монем, вале ба он муваффақ нагаштем, -иброз дошт Сайдалӣ Шамсов.

Мувофиқи ҳисобҳои оморӣ айни ҳол дар ноҳия ҳар моҳ 1 ҳазору 100 тонна шир истеҳсол карда мешавад, ки ба Ҷамоати деҳоти Бӯстон 68 тонна, Ҷамоати деҳоти Меҳробод 165 тонна, Ҷамоати деҳоти Вашгирд 55 тонна, Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев 190 тонна, Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 122 тонна, Ҷамоати деҳоти Чашмасор 75 тонна, Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт 210 тонна, Ҷамоати деҳоти Мискинобод 208 тонна ва Ҷамоати шаҳрак 20 тонна рост меояд.

Ҳамаи ҷамоатҳо барои ташкили корхонаҳои истеҳсоли шир имконият доранд.  Бо ташкили сехҳои коркарди шир даҳҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шудаву анвои гуногуни маҳсулоти ширӣ дар ноҳия ва минтақа фаровону арзон мешавад ва буҷа ғанӣ мегардад.

Соҳибкор Р.Назиров, ки дар деҳаи Элок яхдони ширхунукунаки 6-тоннагӣ дорад, нияти ташкили сехи коркарди ширро дар собиқ бозори «Хайр» ба роҳ монданист. Ин сех метавонад дар як рӯз то се тонна ширро коркард кунад.

Аммо бо як гул баҳор намешавад. Чӣ тавре дар боло ишора кардем, 1 ҳазору 100 тонна  шири ҳар моҳ истеҳсолшаванда ташкили чандин корхонаро тақозо мекунад.

Солҳои шуравӣ дар маркази ноҳия  корхонаи қабулу коркарди шир фаъол буд. Ҳоло он дар тавозуни хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ» мебошад.   Ин корхона он солҳо тамоми шири истеҳсолшудаи ноҳияро коркард намуда, маҳсулоти ширрӣ истеҳсол мекард. Ба таври дигар гӯем, дар як рӯз зиёда аз 100 тонна шир қабул мекард. Имрӯз бошад, корхона дар ҳолати валангор қарор дошта, рӯ ба нестшавӣ дорад. Хуб мебуд роҳбари хоҷагӣ корхонаро таъмиру   омодаи кор созад ё ба соҳибкоре  ба иҷора диҳад. Яъне  барои дар шакли маҳсулоти хом ба берун аз ноҳия фурӯхтани  шири ноҳия монеъ шавад.

Дар ноҳияи Нуробод корхонаи шир бо тамғаи «Қурути Нуробод» маҳсулот мебарорад, ки  харидорони зиёде дорад. Чаро мо  аз эшон ибрат нагирем? Файзобод дар шафати шаҳрҳои  Душанбе, Роғуну Ваҳдат ҷой  гирифтааст, яъне мо бозори фурӯши маҳсулотамонро дорем, пас чаро дар ин кор  хунукназариро пеша кардаем. Боз чиро мунтазирем?!