Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

МУҲЛАТҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

Дар шароити ноҳияамон, вобаста аз баландии ҷойгиршавии минтақаҳо аз сатҳи баҳр, бунёди боғзорҳоро дар 3 муҳлат гузарондан мумкин аст:

1. Тирамоҳ - вақти ҳарорати ҳаво аз 5оС гармӣ паст набудан. Дар минтақаи поён, минтақаи нисбатан гарми ноҳия  ин аз ҳама муҳлати беҳтарин мебошад, чунки дарахтон ба намии хуб таъмин шуда, баробари фарорасии гармӣ ба сабзиш ва нашъунамо шурӯъ карда, мутобиқ ба муҳити маҳал хуб сабзиш мекунанд. Ин муҳлат асосан ба минтақаҳои аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон сар карда, то Ҷамоати деҳоти Чашмасор рост меояд.

Бунёди боғҳои тирамоҳиро дар ин ҷо баробари саршавии хазонрез, яъне аз моҳи ноябр шурӯъ кардан мумкин аст. Афзалияти дигари муҳлати тирамоҳӣ дар он аст, ки дарахтони донакдору тухмдори шинондашударо пайвастшавии решаашон ба замин хело беҳтар аст.

2. Зимистон - дар минтақаҳое, ки водигӣ буда ҳарорати ҳавояшон то моҳи феврал нисбатан гарм аст, ба ҷо оварда мешавад. Ба ин минтақа аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон сар карда то қисман Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дохил мешавад.

Вақти шинондани дарахт дар зимистон дар назар бояд дошт, ки дар ин минтақа бояд ҳарорати ҳаво аз 0оС паст набошад ва замин тайёр буданаш даркор аст. 

3. Баҳор - дар минтақаҳое, ки ҳарорати ҳавояшон нисбатан хунук буда, зимистонашон сербафу тӯлонӣ аст, гузаронида мешавад. Ба чунин минтақа дар ноҳияи мо қисме аз Ҷамоати деҳоти Чашмасор сар карда то Ҷамоати деҳоти Мискинобод дохил мешавад. Дар ин ҷо бунёди боғзорҳоро танҳо баҳорон то охири моҳи апрел гузаронидан мумкин аст. Барои ин минтақаҳо ниҳолшинонии тирамоҳӣ ва зимистонӣ тавсия карда намешавад, чунки ҳарорати хунук ба ниҳолҳои шинондашуда осеб расонданаш аз эҳтимол дур нест. Дар минтақаҳои баландиашон аз сатҳи баҳр то 1000 метр ҷойгиршуда ниҳолшинонии баҳориро то 20 март (то иди Наврӯз) давом додан мумкин аст. Дар минтақаи дар боло нишондодашуда ниҳолшинониро баҳорон аз даҳрӯзаи аввали моҳи март шурӯъ намуда, онро то он даме, ки муғчаҳои дарахт ба афзоиш шурӯъ менамоянд, яъне то охири моҳи март ва дар баъзе ҷойҳо вобаста ба баландтар ҷойгиршавиашон то 20 апрел давом додан мумкин аст.

Барои минтақаҳои поёни ноҳия бошад, ин муҳлат тавсия дода намешавад, чунки баҳорон дар ин ҷо ҳарорати гармӣ тезтар фаро мерасад. Аз ин рӯ муҳлат хеле кӯтоҳ буда, мо имконияти дар муҳлати муайян шинондани дарахтро намеёбем.

Дар ҳамаи минтақаҳои номбаршуда то саршавии маъракаи ниҳолшинонӣ замини барои бунёди боғзори оянда ҷудошударо ба қисмҳо ҷудо карда, ҷои ҳар як ниҳолро муайян карда, нишона гузоштан зарур аст.

Диққати асосиро бояд ба он равона намоем, ки маъракаи ниҳолшинонии ҳар минтақа дар муҳлатҳои  муайянгардида ба ҷо оварда шаванд. Дар акси ҳол барои нашъунамои дурусти ниҳол ва тез ба ҳосилдароии он таъсири манфӣ хоҳад расид. Аз тарафи дигар муҳлати дарахтшинонӣ хело нозукиҳо дошта, маҳдуд аст ва барои дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба ҷо овардани он вақт интизор намешавад.