Пн10222018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

НИШОНДИҲАНДАҲОИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия соли сипаришударо бодастовардҳои арзандаимеҳнатӣ ҷамъбасткарда аз  майдони 3795 гектар ғаллазор 6915 тонна ҳосил бардоштанд.

Ҳосили бардоштаи картошкапарварону сабзавоткорон низ назаррас аст. Аз майдони 729 гектар картошказор 11 ҳазору 623 тонна ва аз майдони 559 гектар сабзавот 11 ҳазору 69 тонна ҳосил гирифта шуд, ки нисбати солҳои пешин хело зиёд мебошад.

Натиҷаи бадастовардаи чорводорон низ хуб аст. Нақшаҳои истеҳсоли гӯшту шир барзиёд таъмин гардида, 1288 тонна гӯшт ва 9983 тонна шир истеҳсол карда шуд.

Кишоварзони ноҳия инчунин барои ҳосили фаровони соли оянда заминаҳои боэътимод гузоштанд. То ба имрӯзҳо дар майдони 1394 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагӣ гузаронида, майдони кишти картошка дар соли оянда ба 800 гектар ва сабзавот ба 1200 гектар расонида мешавад.