Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ҲОСИЛ ФАРОВОН ШУД

Солҳои қаблӣ хоҷагии ба номи А. Назиров нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда наметавонист. Хушбахтона имсол боғҳои хоҷагӣ пурбор аст.
Боғдорони дастаи меҳнатии хоҷагии мазкур, ки Раҷабалӣ Шоев роҳбар аст, аз аввали маъракаи ҳосилғундорӣ то имрӯз зиёда аз 40 тонна себу нок ҷамъоварӣ намуда, бо нархи дастрас ба фурӯш бароварданд, -гуфт, дар суҳбат раиси хоҷагӣ И.Шарифов. Тибқи таъкиди раиси хоҷагӣ аз ҳисоби маблағи бадастомада, айни ҳол 50 тонна картошкаи тухмӣ харидорӣ шуда, онҳо мақсад доранд то соли оянда ҳарчи зиёдтар кишти картошка гузаронидаву ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намоянд. Барои амалӣ намудани ин мақсад деҳқонон имрӯзҳо аз ҳар соату рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намудаву ба шудгори тирамоҳӣ шуруъ кардаанд. Зеро шудгори тирамоҳии заминҳои кишт асоси фаровонҳосилист.