Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

СОЛЕ, КИ НАКӮСТ, АЗ БАҲОРАШ ПАЙДОСТ, ВАЛЕ…

Бо фаро расидани фасли зебои сол,  Баҳори  хуҷастапай ва соли нави аҷдодӣ Наврӯзи ҷаҳонафрӯз  сафедиҳои фасли дай ҳанӯз ҳам боқист. Аз нигоҳи дигар ин сафедиҳо файзу баракатро дар худ ниҳон дорад, зеро серобӣ фаровониро ба вуҷуд меорад.  Дар қиёс ба соли гузашта имсол дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти барф доманадор ва тулонӣ буд.

Теғаҳои қаторкӯҳҳои Қаротеғин, ки саросар барфпӯш аст, захираи оби минтақаи Файзобод ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз бояд кишоварзони ноҳия замини кишти зироатҳои обталабро афзун намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон шабонарӯзӣ меҳнат кунанд.

Мувофиқи илми кишоварзӣ ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ ба минтақа ва иқлими маҳалҳои гунонун мутобиқ гардонида шудаанд, ки риояи он ҳатмӣ мебошад. Масалан, зироати картошка асосан дар минтақаҳои салқин ва сернам, асосан дар баландиҳои аз 1350 то 1800 метр аз сатҳи баҳр кишт карда шавад. Минтақаҳои Чашмасор, Қалъаи Дашт ва Мискинобод ба қатори минтақаҳои картошкапарвар дохил мешаванд. 

Вале, мутаассифона имрӯз дар ноҳия ягон намуди зироат вобаста ба иқлими маҳал кишт карда намешавад. Мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия ва деҳқонон ба ин масъала диққат намедиҳанд. Дар натиҷа ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд.

Дар давоми даҳ соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби кам будани заминҳои корам аз як замин рӯёнидани ду ҳосилро  роҳандозӣ намуда, барномаҳои давлатии дахлдорро қабул намудааст то деҳқонони тоҷик  аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.

Ба ин масъала метавон минтақаҳои нисбатан пастар аз сатҳи баҳр, масалан Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, ба  номи Дӯстмурод Алиев ва Ҷавононро мисол овард.  Дар ин минтақаҳо парвариши растаниҳои рӯзи кутоҳ,  масалан ҷуворимакка, лубиё, офтобпараст ва ғайраҳо хеле муфид аст. Деҳқонон метавонад баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишти такрорӣ гузаронанд.

Дар самти обёрии заминҳо низ мутахассисон ва кормандони ташкилотҳои дахлдор беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Коркарди каналу ҷӯйборҳо бояд сари вақт ба роҳ монда шавад, то дар вақти  зарурӣ заминҳои  кишт бемамоният об гиранд. 

Дар замонҳои пеш бо вуҷуди тамоми мушкилиҳо каналу ҷӯйборҳо бо қувваи бозу коркард гардида заминҳои кишт шодоб гардонда мешуд. Имрӯз мо дар асри илму техника қарор дорем, ки дастрасии ҳама намуди техникаҳо он қадар душвор нест.

Аз даромад то баромади ноҳия  эҳсос карда мешавад, ки   дар самти кишоварзӣ беаҳамиятӣ зоҳир мешавад.  Ин гуна муносибат деҳқононро  ба мақсад намерасонад..

Соҳаи боғпарварӣ низ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.  Деҳқонон  ниҳолро шинонида ба нигоҳубин ва коркарди агротехникии он аҳамият   намедиҳанд. Ҳол он ки ниҳол бояд дар вақташ нигоҳубин карда шавад.  Риояи дурусти нигоҳубин ва ғизодиҳӣ, сари вақт пошидани заҳрхимикатҳо барои ба даст овардани  ҳосили хубу босифат мусоидат менамояд.

Имсол барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароити хуб фароҳам омадааст. Агар ба замину об  дилсӯзона муносибат кунем, ҳамаи ниятҳоямон амалӣ мегардад.

Файзуллоев С.Ш,

ходими хурди илмии Стансияи таҷрибави боғдории Файзобод