Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ХОЛАИ ОРДЕНДОР

Умри одам дар гузар асту ба касе  вафо накарда. Дар ин ду рӯза меҳмонии ин дунё кам андар кам шахсиятҳоеро вомехӯрем, ки умри хешро сарфи  дигарон намудаву худ бори танҳоӣ мекашанд. Қаҳрамони моро чун   самари умраш бор наовард, баъди солҳои зиёди зиндагии якҷоя бо ризоияти ҳамдигарӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд. Ва бахшид умри хешро ба кори хоҷагӣ. Аз дамидани субҳ то ба шомгоҳон дар саҳро буд, мекӯшид бори танҳоиро камтар кашад. Дар ин ҷода комёб шуд. Самари меҳнаташ  ба чашм намоён буду ҳамаҷо таърифи ӯро мекарданд.

Холаи Муродгулро зиндагиву кораш бурд дошту бохт не. Ин чун навори кино ҳамеша  пеши назараш ҷилва мекунад.  Ҳам  сарподабон буду  ҳам мудири ферма ва  ҳам бригадири хоҷагӣ. Дар  Файзобод солҳои ҳафтоду навадуми асри гузашта аз кору пайкорӣ ӯ ҳама хабардор буданд. Зани мардсифат буд  холаи Муродгул.

…29 марти соли 1983 буд. Он рӯз ҳаво якбора тағийр ёфту борон  бошиддат  боридан гирифт.  Борон чунон сахт мерехт, ки имкони ба берун баромадан набуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо овози мошине дар назди хонаи истироҳатии  говдӯшон ба гӯш расид. Баъди лаҳзае  котиби якуми комитети партиявии район Мирзохӯҷа Шоев вориди хона гардид. Пас аз салому аҳволпурсӣ раиси хоҷагӣ Раҳмоналӣ Одинаевро ҷӯё шуд. Қиёфааш ҷиддӣ менамуд. Ба Муродгул супориш дод: «Духтарам, раисро ёбеду мардумро ҷамъ карда, ба ёрии чӯпонҳои ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён, ки аз борону хуникиҳои рӯзҳои охир дар Тӯсаф хеле зарар дидаанд, равед. Гӯсфандон аз хунукӣ ҷавра кардаанду талафот зиёд аст.   Молҳоро  хамонда дар фермаҳо ҷо ба ҷо карда ба чӯпонҳо хӯроки гарм ташкил кунед».

Котиб рафту Муродгул пайи иҷрои супориш бо ҳамкоронаш ба борон нигоҳ накарда ба ёрӣ  шитофтанд. Он рӯз воқеан ҳам кори онҳо қаҳрамонӣ ҳисоб меёфт, зеро ҳазорҳо сар моли майдаи давлатӣ наҷот дода шуд. Ҳамин буд, ки ҳамон сол Муродгул Азимова соҳиби ордени «Байрақи сурхи меҳнат» гардид.

Баъдтар кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия ӯро сардори бригадаи деҳаи Ҷонварсӯз таъин кард. Дар ин вазифа даҳ соли расо фаъолият дошт. Кораш табъи дил  буд. Ҳосилнокии  ҳар гектар ғаллазорро ба 30-35 сентнерӣ   расонд.  Маҳсулнокии  чорво хело боло  рафт. 

Дастовардҳои меҳнатӣ бригадаи онҳоро дар ҷамъомаду маҷлисҳои кумитаи ҳизбӣ  машъал гардонд. Пешқадамони бригада бо мукофотҳо сазовор шуданд.

Ана ҳамин тавр холаи Муродгул то давраи нафақа софдилона меҳнат кард. Ғайр аз ордени «Байрақи сурхи меҳнат», боз медали ҷашнии «Барои меҳнати шуҷоатнок ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва ҳамчунин  чандин ифтихорномаҳо  гирифт.

Муродгул Азимова се дафъа вакили ҷамоати деҳоти Файзобод (ҳоло Дӯстмурод Алиев) интихоб шудааст.

Имрӯз калобаи умраш ба остонаи 77-солагӣ расидааст, аммо доимӣ миёни одамон аст. Ҳар баҳор дарахт мешинонад, онро чун фарзандон  бо меҳри модарӣ  нигоҳубин мекунад. Чӣ илоҷ, ки фарзанд ӯро насиб нагардонд. Аммо ӯ тамоми сокинони файзободро фарзандони худ медонад ва мехоҳад қатори дигарон дар ободиҳои ноҳия саҳмгузор бошад.

Ана, ҳамин хел фидоии меҳнат ҳастанд Муродгулхолаи мо. 

 Тилло Соҳибназар.