Вт01222019

Last updateСб, 19 Янв 2019 12pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БАР АСАРИ ЛАҒЖИШИ ТЕППА 10 НАФАР ҚУРБОН ШУД

БАР АСАРИ ЛАҒЖИШИ ТЕППА 10 НАФАР ҚУРБОН ШУДРӯзи 3 апрели соли равон, тахминан соатҳои 13:10 дақиқа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод   бар асари офати табиӣ - лағжиши як теппа   даҳ нафар сокинони деҳаи мазкур, ки   хатти оби нӯшокии деҳаро пайваст мекарданд, зери хок монданд.

Подробнее...

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БО РАИСИ НОҲИЯ

03.04.2015.  Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия   Имомназар Каримиён дар робита ба офати табиии зери хок мондани 10 нафар сокинони  ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.

Подробнее...

ИНТИХОБОТ МАКТАБИ ИМТИҲОН АСТ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, расо баъд аз як моҳ интихоботи деринтизори мардум фаро мерасад. Чаро ки   идае аз шаҳрвандони Тоҷикистон зарурат ва воқеияту моҳияти интихоботро дуруст дарк мекунанд ва албатта ин нафарон интихоботро интизор ҳам мешаванд. Раъйи дурусти мардум дар интихобот вакилони арзандаро барои Маҷлиси қонунбарори кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ муайян месозад.

Подробнее...

ҲАМҚАДАМИ МАРДУМ

ҲАМҚАДАМИ МАРДУМЁздаҳуми март ба рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” 103 сол пур шуд. Ба ифтихори  Рӯзи матбуоти тоҷик дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” нишасти идона баргузор гардид. Сармуҳаррири нашрия Низомиддини Шамсиён аз роҳи тайкардаи рӯзномаи ноҳиявӣ тӯли 82 сол, ки  бо номҳои “Меҳнати сотсиалистӣ”, “Меҳнати Коммунистӣ” ва “Набзи Файзобод” чоп мешавад, ёдоварӣ намуда, ифтихормандӣ аз он кард, ки нашрия дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми сазовор мегузорад.

Подробнее...

БО ТАВАҶҶУҲ МЕОМӮЗАНД

Имрӯзҳо сокинони диёрамон, пиру барно Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 23 январи соли равон ироа шуд, бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, барномаи ҳаррӯзаи фаъолияти меҳнатӣ, оинаи ҳаёти кишвар баҳри ободию осоиштагӣ, беҳбудии ҳаёти мардум қабул менамоянд.

Подробнее...

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

ХАБАРИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ13 марти соли 2015  Иҷлосияи якуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор шуд. Аз шумораи 38 нафар вакилони халқ, ки дар интихоботи рӯзи 1 март интихоб шуда буданд, 36 вакил иштирок  доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.

Подробнее...

ПАЁМ ДАСТУРИ АЙЁМ ГАРДАД

Рӯзи 26 январи соли равон маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳия доир гардид. Пеш аз оғози маҷлис раиси ноҳия атрофи самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар соли равон , ки аз Паёми рӯзи 23 январи соли равон ироа кардаи Президенти мамлакат бар меояд, ҳарф зад.

Подробнее...

ПАЁМ-ДАСТУРИ АЙЁМ

Пайми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар имрӯз аз мавзӯи аввалияи омӯзиш ва баррасии суҳбату вохӯриҳои сокинони ҷумҳурӣ гаштааст. Ин давраи фарогирии омӯзиш дар рӯзҳое рост омадааст, ки Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ , интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ мегирад. Дар вохӯриҳои раиси нохияи Файзобод Каримиён Имомназар ин ду масъала дар маҳаки асосии суҳбат меистад.

Подробнее...

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Давоми соли рафтаи 2014 дар ноҳияи Файзобод болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин карда шуда, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангу маориф ба даст оварда шудааст.

Подробнее...

Подкатегории