Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Ҷамъи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  22 декабри соли 2016 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд,  мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар ҷамъомади умумимактабӣ матни Паёмро директори муассиса Қодир Саидов қироат кард.

Дар Паёми навбатии имсола омадааст, ки соли 2017 Соли ҷавонон аст. Воқеан, ҷавонон неруи созандаю бунёдкор буда, ояндаи давлату ҷамъият дар дасти онҳост. Имрӯз ҷавонони мамлакат дар ҳамаи ҷабҳаҳо фаъолона меҳнат карда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ, фарҳангу тандурустӣ, мактабу маориф ҳисса мегузоранд. Мо медонем, ки ҷавонони ноҳияи Файзобод дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок намуда, дар сафҳои Артиши миллӣ содиқона хизмат мекунанд. Онҳо  роҳ месозанду мактабу муассисаи фарҳангӣ бунёд менамоянд.

Дар ҷамъомади барпогардидаи мактаб аз ин хусус мисолҳо оварда шуд.

Бобо ҲОКИМ.