Вт07172018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

93,21 ФОИЗ ҶОНИБДОРИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО

Сокинони ноҳияи Файзобод ҳам бо дарки баланди масъулият дар рӯзи раъйдиҳӣ ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ҷонибдории хешро аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Бино ба иттилои аз комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Файзобод, рақами 14 ба мо дастрас шуда, раъйпурсӣ дар ноҳияи мо чунин натиҷа додааст:

Аз шумораи 52662 раъйдиҳандагони бақайдгирифташуда, 49792 нафар дар раъйпурсӣ ширкат доштанд.

46409 нафар раъйдиҳанда ба ҷонибдорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй доданд, ки 93,21 фоизро ташкил медиҳад.

918 нафар зиди таклифи мазкур раъй додаанд, ки 1,84 фоиз мебошад.

2495, ё 4,95 фоизи бюлетенҳо беэътибор дониста шудааст.