Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БАР АСАРИ ЛАҒЖИШИ ТЕППА 10 НАФАР ҚУРБОН ШУД

БАР АСАРИ ЛАҒЖИШИ ТЕППА 10 НАФАР ҚУРБОН ШУДРӯзи 3 апрели соли равон, тахминан соатҳои 13:10 дақиқа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод   бар асари офати табиӣ - лағжиши як теппа   даҳ нафар сокинони деҳаи мазкур, ки   хатти оби нӯшокии деҳаро пайваст мекарданд, зери хок монданд.


Комиссияи ҳукуматӣ бо дастури Сарвари Давлат Эмомалӣ  Раҳмон таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба ҷойи  ҳодиса омада,   баҳри рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ чораҳои зарурӣ  андешиданд. Дар ҳайати комиссияи мазкур намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ шомил буда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин офат ва расонидани кўмак ба зарардидагон чораҷӯӣ карданд.
Аз лаҳзаҳои аввал ситоди ноҳиявӣ низ бо сарварии раиси ноҳия Имомназар Каримиён таъсис ёфта, бо ташкили гурўҳҳои наҷотдиҳанда ба кофтукови ҷасадҳо шуруъ карданд.
 Исми даҳ нафар аз зерихокмондагон аниқ шуда, ҷасади ду нафари онҳо аз зери хок берун бароварда шуд.  Ҷустуҷӯи нафарони дигар ва корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ рӯзҳои 3-4 апрел идома дошт.

ШАКЛИ ПУРРАИ ГУЗОРИШРО МЕТАВОНЕД АЗ РАВЗАНАИ "ВОКУНИШ"-И СОМОНААМОН

ДАСРАС НАМОЕД.

«НФ».