Чт07192018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ҲАМҚАДАМИ МАРДУМ

ҲАМҚАДАМИ МАРДУМЁздаҳуми март ба рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” 103 сол пур шуд. Ба ифтихори  Рӯзи матбуоти тоҷик дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” нишасти идона баргузор гардид. Сармуҳаррири нашрия Низомиддини Шамсиён аз роҳи тайкардаи рӯзномаи ноҳиявӣ тӯли 82 сол, ки  бо номҳои “Меҳнати сотсиалистӣ”, “Меҳнати Коммунистӣ” ва “Набзи Файзобод” чоп мешавад, ёдоварӣ намуда, ифтихормандӣ аз он кард, ки нашрия дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми сазовор мегузорад. Инчунин ӯ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хоса ба раиси ноҳия Имомназар Каримиён изҳори сипос намуд, ки бо дастгирии бевоситаи раис рӯзнома соли дуюм аст, ки моҳе се маротиба нашр шуда истодааст. Инчунин, тавассути дастгириҳои  раис сомона (сайти нашрия) дар шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст гардид. Таъсиси радиои маҳалӣ ва дафтари кории он  низ боиси рӯҳбаландии аҳли эҷоди нашрия мебошад.
Сипас, раиси ноҳия ҳамаи рӯзноманигоронро, ки иштирокчии нишасти идона буданд, бо иди касбиашон табрик ва муборакбод намуда, изҳори хурсандӣ кард, ки дар ноҳия ду нашрия –нашрияи Маҷлиси вакилони халқ “Набзи Файзобод” ва нашрияи ҷумҳуриявии иттилоотӣ- фароғатӣ барои кӯдакон ва наврасон “Парвин” фаъолият дошта, паҳлуҳои гуногуни зиндагии сокинони ноҳия ва ҷавонону наврасонро пайваста дар саҳифаҳои хеш таҷассум менамоянд. Матбуот яке аз қудратҳои бузургест, ки метавонад фазои иттилоотиро таъмин намуда, ҷомеаро бо навгониҳо ошно ва аз нокомиҳо раҳоӣ бахшад. Маҳз тавассути матбуот ҷомеа метавонад аз ахбори навини олам, пешравиҳои илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт сари вақт бохабар гардида, ҷаҳони маънавии  худро бой гардонад, сари ин ё он масъала фикру андешаҳои худро озод баён намояд. Ин аст, ки матбуотро оинаи ҳаёт мегӯянд, афзуд И. Каримиён.
Боиси хурсандист, ки дар арафаи иди матбуоти тоҷик бо фармони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Каримиён Имомназар бо нишони “Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ”, ду нафар эҷодкорон Ҷалилов Маҳмадалӣ ва Салимова Робиа ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Дар нишасти идона аз номи мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия ба рӯноманигорон тӯҳфаҳо тақдим гардид.

М.ТАҒОЕВА,
мухбири худамон.