Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

ХАБАРИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ13 марти соли 2015  Иҷлосияи якуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор шуд. Аз шумораи 38 нафар вакилони халқ, ки дар интихоботи рӯзи 1 март интихоб шуда буданд, 36 вакил иштирок  доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.

Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Чуқурак №15 Зубайдов Зайдулло котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Бӯриев Абубакр  - вакил   аз  ҳавзаи интихоботии Рудакӣ,   № 21, Саидова Тоҷиниссо  - вакил аз ҳавзаи интихоботии Зебуниссо №18, Восеев Аҳтам - вакил аз ҳавзаи интихоботии Чилчашма - 2,  №2  интихоб шуданд.
  Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Каримиён Имомназар ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:
- Дар бораи тасдиқи ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум.  
- Дар бораи тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
- Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
- Дар бораи тасдиқи ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
- Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
- Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия
-Дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Дар бораи пешниҳоди вакилон ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзномаи пешниҳод гардида аз ҷониби вакилони халқ пурра дастгирӣ шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома   раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Зарипов Неъматулло  баромад намуда иброз дошт, ки дар интихоботи рӯзи 1 март доир  гардида, ба чил ҳавзаи интихобтӣ  110 номзад аз ҷумла  40 номзад аз ҲХДТ, 27 нафар аз ҲКТ, 24 нафар аз ҲНИТ ва 34 нафар тариқи худпешбарӣ пешниҳод шуда буд. Рӯзи интихобот дар 38 ҳавза  вакилон  интихоб шуданд. Яъне 33 нафар аз ҲХДТ, 1 нафарӣ  аз ҲКТ, ҲАТ ва ҲИИТ ду нафар беҳизбӣ мебошанд.
Сипас ваколатҳои вакилони интихобшуда тасдиқ гардид.      
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Насриддинов С баромад намуда, ба диққати вакилон Дастури  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷумро пешниҳод намуд, ки он якдилона дастгирӣ ёфт.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои  3,4 ва 5-и иҷлосия роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Насриддинов С  сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки  тибқи талаботи моддаи 8 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ваколатдор аст, ки барои баррасии пешакии масъалаҳои ба муҳокимаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳодшаванда, назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис дода, ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимиро тасдиқ намояд.
  Вакилон комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ҳайати пешниҳодшуда ва Низомномаи онҳоро тасдиқ карданд.
Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия,   роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Насриддинов С  ба диққати  вакилон қарорҳои раиси ноҳияро оид ба хароҷоти маблағҳо аз ҳисоби фонди захиравии раис ва маблағҳои озоди буҷети маҳаллии ноҳия ва мақсади хароҷоти ин маблағҳоро  расонид.  Вакилон аз рӯи ин масъала низ қарори дахлдор қабул карданд.
Мутобиқи моддаи 32, Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо сурат мегирад.
Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо аксарияти овозҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.
Бинобар ин барои иҷрои ин талабот вакил аз ҳавзаи интихоботии Қанғелӣ № 14 Азизов Абдулло пешниҳод намуд, ки комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҳайати Ҷалилов Маҳмадалӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Дубеда № 24, Саидов Аскар – вакил аз ҳавзаи интихоботии Элок -2,  № 32 ва  Ғиёсова Саломат – вакил аз ҳавзаи интихоботии Муминобод № 40 таъсис дода шавад.
Сипас вакил аз ҳавзаи интихоботии Сари чинор  № 23 Низомиддини Шамсиён  пешниҳод намуд, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Раҳмоналӣ Амир, раиси шаҳри Ваҳдат пешбарӣ карда шуда, ба бюллетенҳои овоздиҳӣ дохил карда шавад.
Таклифи мазкур аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.
Ҳангоми танафус дар кори иҷлосия  овоздиҳӣ баргузор шуд, ки баъди анҷоми он раиси комиссияи баҳисобгирии овозҳо Ҷалилов Маҳмадалӣ натиҷаи онро пешкаши  вакилон намуд ва он якдилона дастгирӣ ёфт.
Масъалаи ҳаштуми иҷлосияро  Каримиён Имомназар боботи   иштироки вакилони зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  дар  интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди вакилон кард, ки якдилона  дастгирӣ шуд.
1.Каримиён Имомназар-вакил аз ҳавзаи интихоботии №9
2.Давлатов Ёрмаҳмад- вакил аз ҳавзаи интихоботии №1
3.Восеев Аҳтам-вакил аз ҳавзаи интихоботии №2
4.Раҳимова Басбигул- вакил аз ҳавзаи интихоботии №3
5.Табарова Оиша-вакил аз ҳавзаи интихоботии №4
6.Нозимова Мавҷуда- вакил аз ҳавзаи интихоботии №6
7.Каримзода Манучеҳр- вакил аз ҳавзаи интихоботии №8
8.Зарипова Зикагул- вакил аз ҳавзаи интихоботии №10
9.Шарипова Мукаррама- вакил аз ҳавзаи интихоботии №11
10.Бердиев Холназар-вакил аз ҳавзаи интихоботии №13
11.Азизов Абдулло- вакил аз ҳавзаи интихоботии №14
12.Зубайдов Зайдулло-вакил аз ҳавзаи интихоботии №15
13.Абдураҳимов Шамсиддин- вакил аз ҳавзаи интихоботии №17
14.Саидова Тоҷиниссо-вакил аз ҳавзаи интихоботии №18
15.Ғафуров Субҳиддин-вакил аз ҳавзаи интихоботии №19
16.Бӯриев Абӯбакр- вакил аз ҳавзаи интихоботии №21
17.Акрамзода Зиёратшо-вакил аз ҳавзаи интихоботии №22
18.Ҷалилов Маҳмадалӣ-вакил аз ҳавзаи интихоботии №24
19.Назаров Амриддин-вакил аз ҳавзаи интихоботии №25
20.Раҷабзода Сайбиниссо-вакил аз ҳавзаи интихоботии №26
21.Лоиқов Толибҷон-вакил аз ҳавзаи интихоботии №30
22.Саидов Аскар-вакил аз ҳавзаи интихоботии №32
23.Насриддинов Эмомиддин-вакил аз ҳавзаи интихоботии №35
24.Нурзода Сафарбег-вакил аз ҳавзаи интихоботии №36
25.Ғиёсова Саломат-вакил аз ҳавзаи интихоботии №40
Ҳамин тавр ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномаи  иҷлосия тасдиқгардида, муҳокима шуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини мудири Шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сафаров Дилшод, ки дар кори иҷлосия иштирок дошт ба сухан баромад. Аз ҷумла номбурда таъкид намуд, ки акнун масъулияти  вакилон,ки боварии интихобкунандаҳоро соҳиб шудаанд бояд дучанд гардад. Аз ин хотир ба кори онҳо барор хост.
Дар анҷоми кори иҷлосия,  раиси ноҳия Каримиён Имомназар баромад намуда қайд кард,  ки вакилони муҳтарам дар рушду нумӯи кишвари азизамон ҳиссаи босазо гузошта, интихобкунандагони худро ба   корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят менамоянд. Ҳамчунин боварӣ дорам, ки    аъзоёни интихобгардидаи комиссияҳои доимӣ   фаъолияти худро хуб ба роҳ монда, ваколату вазифаҳои ба зиммадоштаашонро ба пуррагӣ иҷро менамоянд,  фаъолияти худро бобати боло бурдани нуфузу обрӯи комиссия ва таъсири он, ҳамчунин татбиқи ваколатҳои мақомоти намояндагии ноҳия равона менамоянд
Зеро дар даъвати гузашта фаъолияти на ҳамаи комиссияҳои  доимӣ ба талабот ҷавобгӯ буд.       
Ба ҳамаи Шумо барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ва дастгирии қарорҳои пешниҳодшуда изҳори сипос намуда,  бароятон тансиҳатӣ ва барору муваффақият таманно менамоям.

Дар оғоз ва анҷоми  кори иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

“НФ”.