Пн10222018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НО²ИЯ КАРИМИЁН ИМОМНАЗАР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ 2015

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2014 ба мо хайрбод гуфта, ба ҳукми таърих ворид шуд ва соли нави   2015, ки фарорасиашро   интизор будем, қадами муборак   гузошта, моро сӯи бунёдкориву созандагиҳо ҳидоят мекунад. Дар ин лаҳзаҳо ҳар яки мо китоби зиндагиамонро дар соли рафта варақгардон намуда, бурду бохти худро таҳлил ва барои соли нав нақшаву ниятҳои некро тарҳрезӣ мекунем. Соли нави мелодӣ мисли Наврӯз мазмуни баланд покию созандагӣ ва рӯҳи созандагиву бунёдкорӣ дорад. Ин аст, ки миллати сарбаланди мо онро нек пазируфта, анқариби сад сол муқаддам чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ба шодиву хурсандии он пайваста мебошад. Дар гирди арчаи сарсабзу ҳамешабаҳор, ки фаввораи гулҳои муаттарро   мемонад ва дар осори атиқа ҳамчун дарахти муъҷизаофари саодату шодмонӣ қаламдод шудааст, рақсу бозӣ намуда, якдигарро ба оғози соли навин табрику таҳният мегӯем.    

Соли сипаришавандаи 2014 чун соли марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва пур аз нақшаҳои назаррас дар китоби рӯзгори   мо мақоми арзанда дорад.   Дар пойтахти ватанамон Душанбешаҳр баргузор гардидани       ҳамоиши бонуфузу сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, баргузории даҳҳо конфронсу мулоқотҳои сатҳи баланд гувоҳи гуфтаҳои болоянд.

   Мардуми сарбаланди тоҷик баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар қадамҳои устувор гузошт. Бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла НБО-и «Роғун», силсиланерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахшу Зарафшон, хати барқи Тоҷикистон – Афғонистон, таҷдиди НБО «Норак», сохтмону азнавсозии роҳҳои мошингард, роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Қурғонтеппа, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо нерӯгоҳҳои хурд дар саросари кишвар ва вусъати як қатор иншооти барои пешрафти мамлакат муҳим, бозгӯи пешрафти Тоҷикистони азиз дар ин самтҳо аст.

     Соли   2014 барои мардуми меҳнатқарини Файзобод низ   чун соли неку пурфайз, соли     фаъолгардии саховатмандону ободкорони диёр, соли созандагиву бунёдкорӣ фаромӯшнопазир гардид. Воқеаи аз ҳама фараҳбахшу хотирмони   соли рафта   санаи 10 апрел аст, ки дар ин рӯзи мубораку пурфайз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо сафари корӣ анҷом дода, ба бунёди боғи 120- гектара дар мавзеи зебоманзари деҳаи Дашти марзо асос гузоштанд, ки имрӯз он дар нашъунамо буда,   ба дили ҳар бинанда шодиву сурур мебахшад. Сокинони ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари кишварро дастури амал қарор дода, бо саъйи дучанд паи ободии диёру ватан камари ҳиммат бастанд. Сафи саховатмандони диёр афзуда, иқдомҳои бунёдкорӣ аз тарафи онҳо ба таври густурда доман паҳн кард.

Бори нахуст дар таърихи ноҳия   сокини деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев   Каримова Шоира Нарзуллоевна     барои кӯдакони оилаҳои камбизоат боғчаи хусусӣ   ташкил намуд, ки айни замон дар он беш аз 20 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, ӯ ба маблағи 22000 сомонӣ маркази саломатии деҳаро таъмир намуда, барои занҳои деҳа сехи дӯзандагӣ ташкил ва ҷиҳати ба кори доимӣ ҷалб намудани онҳо   чораҳои амалӣ меандешад. Каримзода Манучеҳр купруки деҳаи Шерамонро бо маблағи 30000 доллари амрикоӣ таъмир карда, 32 нафар кӯдаконро аз оилаҳои камбизоат хатнасур кард. Дар деҳаи Дараи гӯсфандак мардум тасмим гирифтаанд, ки ба маблағи 30000 доллари амрикоӣ чоҳи оби нӯшокӣ канда шавад.     Сокини   деҳаи Элок Сулаймонов Илҳом барои маркази саломатии деҳа ду адад мизу курсӣ   ва барои ҷавонони деҳа толори варзишӣ сохта ба истифода дода, ният дорад, ки китобхона сохта ба мардум пешниҳод намояд. Дар деҳаи Дашти марзо бошад, ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ купрук, 38 ҳазор сомонӣ ҷои нишасти тобистона ва ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ роҳҳои дохили деҳаро сангфарш намуданд. Инчунин, ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ барои тоза намудани роҳҳои ҳудуди деҳа фасли зимистон аз барф трактор харидорӣ намуданд. Оилаи Ғафуровҳо ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 1-ро таъмир намуда, дар деҳаи Кенҷаобод мактаби замонавӣ сохта истодааст. Тавассути дастгирии соҳибкор Ниёзов Қудратулло бошад донишҷӯи соли аввали донишкадаи варзиши Тоҷикистон, сокини деҳаи Ҳайтак Мавлуда Саъдуллоева ҷоизадори мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Бишкек гардид. Ҳамчунин, Қаландаров Исмоил барои ҳамдиёрон бинои нонпазхонаро ба истифода дода, тасмим гирифтааст, ки боз як толори варзишӣ барои ҷавонон месозад. Сохтмони дорухона аз тарафи Исмонов Мирзораҳим ва сохтмони дорухонаи бойторӣ аз тарафи Ҷанҷолов Раҳмон низ дар ин деҳа бунёд хоҳад шуд.

Дар сатҳи баланди маърифатӣ таҷлил намудани 600- солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ, 120-солагии гӯрғулисарои машҳур Ҳикмат Ризо, 100- солагии бастакори номии кишвар Зиёдулло Шаҳидӣ, баргузории шоми шеъри устод Бозор Собир, ёдбуди овозхони маъруф, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Нигина Раупова, маҳфили Дӯстмуродхонӣ, таҷлили бошукӯҳи наврӯзи байналмилалӣ, 17-солагии Ваҳдати миллӣ, 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар ва даҳҳо чорабиниҳои таърихиву фарҳангии дигар, ки ба сокинони ноҳия ғизову лаззати маънавӣ бахшиданд рӯйдоди хотирмони соли рафта мебошанд.   Ба ифтихори ин ҷашнҳои пурарзиш як қатор   иншоот,   аз ҷумла бинои Ориёнбонк, нозироти андоз, дармонгоҳи марказӣ,     бозор, таваққуфгоҳ ва сехи қаннодӣ дар маркази ноҳия, сехҳои дӯзандагӣ дар деҳоти Меҳробод ва   Лолагӣ, ду бинои иловагӣ барои 40 ҷойи хоб дар истироҳатгоҳи кӯдакон,   даҳҳо мағоза ва дигар иншооти хизматрасон   ба истифода дода шуд.

Сохтмони сехи   оби ошомиданӣ дар деҳаи Сарой, ки ҷиҳати ба истифода додани он   ба маблағи 180 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст, таъсиси сехи истеҳсоли қаймоқ ва дигар маҳсулоти ширӣ дар шафати сехи қаннодии бозори “Хайр”, сохтмон ва барқарорсозии як қатор муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва хизматрасон дар ҳудуди ноҳия бо маром идома меёбанд.

Кишоварзони ноҳияро   боду ҳавои мусоид имкон дод, ки ҳосили фаровони зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавоту меваҷот ба даст оваранд. Солҳои пеш картошкаи Файзобод дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат ва харидорони зиёд дошт. Имсол ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ривоҷи картошкапарварӣ дар ноҳия корҳои зиёд амалӣ гашта, кишти картошка ба 743 гектар расонида шуд. Дар солҳои наздик майдони боғу токзорҳои нав ба 4000 гектар расонида мешавад. Агар соли 2013 кишоварзони ноҳия дар майдони 62 гектар боғ бунёд карда бошанд, пас соли 2014 майдони боғҳои нав ба 446 гектар расонида шуд, ки нисбати соли пешин 384 гектар зиёд мебошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ! Соли 2015 оғози давраи нави созандагӣ дар мамлакат хоҳад буд. Зеро имсол   интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад.                             Ба ҳар яки мо зарур аст, ки маърифати баланди сиёсии хешро нишон дода, беҳтарин номзадҳоро ҳамчун вакил   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб намоем.  

   Бо як ҷаҳон орзуву умедҳои нек ва самимияти комил, дар соли нави 2015 ба шумо сокинони ноҳия   бахти сафеду ғайрати ободкориву нангу номуси баланди ватандорӣ   таманно менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед.

Соли наватон муборак!