Пн11182019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

Пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва эмин нигоҳ доштани мардум аз ҳодисаҳои нохуш яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаест, ки пайваста зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дорад. Ба ин сабаб ҷиҳати омодабошӣ ва пешгирии чунин ҳолатҳо аз 15 майи соли 2018 таҳти №307 «Дар бораи мавриди иҷро қарор додани Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 13 марти соли 2018, №31/1-1» қарори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.

Дар асоси қарори мазкур барои соҳилмустаҳкамкунии сарбанди наҳри Гумбулоқи Ҷамоати деҳоти Меҳробод 2 тонна семент ва 90 литр сӯзишворӣ, сарбанди наҳри Ҳазора 1,4 тонна семент ва 40 литр сӯзишворӣ, наҳри Хоҷамарди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 0,6 тонна семент ва 40 литр сӯзишворӣ, наҳри селпартои Ҷамоати деҳоти Меҳробод 600 литр, дукери “50-солагии Тоҷикистон” 1068 литр, деҳаи Сомониён 140 литр, селпартои деҳаи Гумбулоқи боло 40 литр, пули мошингузари даҳаи Ҷонварсӯз 650 литр ва дар мавзеи дарёи Элоки деҳаи Сомониён 200 литр сӯзишворӣ ва 150м2 симтур, инчунин дарёчаи Оби Сангбури деҳаи Доваи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 100 литр сӯзишворӣ ва 75 м2 симтур, сарбанди наҳри поёни деҳаи Дубеда дар соҳили дарёи Элок 80 литр сӯзишворӣ, дар маҷмуъ се ҳазору чилу ҳашт литр сӯзишворӣ, 4 тонна семент ва 225 м2 симтур ҷудо гардидааст.

Соли ҷорӣ ҳам дар натиҷаи омадани селҳои баҳорӣ ба иншооти хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёд расид. Ба ин сабаб бо дархости раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар асоси фармоиши комиссияи болозикр оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба миқдори 5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 5 тонна семент ва 495 метри мурабаъ симтур ҷудо гардида аз тарафи Агентии захираҳои моддии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дастрас шуд, ки дар мавзеҳои номбаршуда тибқи нақша истифода гардидааст. Зикраш бамаврид аст, ки бар замми ҳамаи ин корҳо маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия зери хавфу таҳдиди офатҳои табиӣ қарор доранд, ки мисолаш осебпазирии садҳои деҳаи Сомониён, Сурхдара, Саричашма дар соҳили дарёчаи Элок аст. Имсол дар натиҷаи боришоти пай дар пайи охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳ 400 хоҷагии деҳаҳои Ҷонварсӯз, Файзобод, Боғимирӣ, Қанғелӣ Кенҷаобод, Сайдонӣ ва мавзеи ғори хокистари деҳаи Сурхдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиевзарар диданд.

Аслан ҳамасола ба ҷуз се ҷамоати деҳоти қисмати болоии ноҳия дигар дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо фарорасии фасли баҳор омадани сел зиёдтар ба қайд гирифта мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки корҳои баанҷомрасида дар ин самт кофӣ нест. Агар дақиқан назар афканем миқдори маҳсулоти сохтмонии ҷудогардида ҳам ҷиҳати ба пуррагӣ бартараф намудани хавфи мушкилоти мавҷударо дар ҳудуди ноҳия надорад. Аз сӯйи дигар, ба қавли мардум «ба болои сӯхта намакоб», ба замми кам буданаш онро дуруст истифода намебаранд. Аз чашм пинҳон нест, ки аксари корҳои дар ин самт иҷрошаванда дар айёми баҳор, пас аз омадани сел ё хисорот анҷом меёбанд. Хуб мебуд, ки масъулини соҳа перомуни мушкилоти мазкур аз имрӯз фикр кунанд. Агар масъулин имрӯз корҳоро дар ин самт ҷоннок намуда, маҳсулоти лозимаро дар садду соҳилҳои осебпазир самаранок истифода кунанд, нуран ало нур мегашт. Ёдовар мешавем, ки баҳори соли ҷорӣ канори чапи пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз ду маротиба вайрон шуд. Ва бинед, тавре зикр кардем, дар барқарорсозии он 650 литр сӯзишворӣ масраф гардид. Агар ба ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев гузоратон афтад, мебинед, ки пули болои Элок аз ҳозир дар мавсими беобӣ сурохӣ пайдо кардааст. Дағал нашавад, чор тоқи хоки овардашуда кайҳо ба дара рафтааст. Агар имрӯз канори пул симтӯрбандӣ шудаву дохилаш сангпур мегашт, ба ин аҳвол гирифтор намешуд. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ дидан шиорест, ки пиру барнову масъулу шахси бепарво ҳамешагӣ онро рӯйи забон доранд. Фикр мекунем, вақти аз забон ба амал баровардани шиори мазкур фаро расидааст.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».