Пн05202019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

САНОАТИКУНОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ -ТАЛАБИ РӮЗ

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар  баробари дигар самтҳои пешрафти  иқтисодиёти мамлакат,   соҳаи кишоварзиро  низ мавриди таҳлил қарор дода, барои  рушди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид шуд, ки аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд.»

Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат дар соли равон  суҳбате доштем бо сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Эмомуддин Насриддинов.

- Бо мақсади  амалисозии ин нуктаи  Паёми Сарвари давлат давоми соли равон дар ноҳия    чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Мувофиқи дурнамо имсол истеҳсоли картошкаро ба 14474 тонна, сабзавотро ба 13486 тонна, меваро ба 8009 тонна, гӯштро ба 1497 тонна, ширро ба 14437 тонна, асалро ба 87 тонна ва истеҳсоли тухмро нисбати порсола ду баробар зиёд, яъне ба 65 миллион донна расониданием, ки ин нишондодҳо нисбати натиҷаҳои бадастовардаи соли гузашта хело зиёд мебошад. Ва иҷрои ин мақсад аз мо, масъулони соҳа, муносибати ҷиддиро  тақозо мекунад.

- Хело хуб, ки истеҳсоли барзиёди  ҳамаи намудҳои маҳсулот  соҳаи кишоварзиро ба назар гирифтаед. Сари масъалаи   саноатикунонии маҳсулоти кишоварзӣ чӣ нақшаҳоро амалӣ карданиед?

- Чи тавре аз Паёми Сарвари давлат бар меояд, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст. Ин нукта   моро водор месозад, ки ба саноатикунонии соҳаи  кишоварзӣ низ  диққати зарурӣ диҳем. Бояд иқрор шуд, ки моро дар ин самт корҳои зиёде дар пеш аст. Мувофиқи супориши Сарвари давлат солҳои наздик майдони боғҳо дар ноҳия ба 4 ҳазор гектар мерасад.  Аз сабаби набудани сехҳои шарбатбарорӣ ва сехҳои мевахушккунӣ қариб нисфи ҳосили боғдорон талаф меёбад. Фаъолияти сехҳои коркарди меваи Меҳробод,  корхонаи шарбати Мискинобод, ки дар як сол ҳамагӣ 20 тонна себро коркард мекунад, ба дарди боғпарварон намехӯрад.

Корхонаи коркарди шир «Элок-15» бошад, ҳамагӣ 2 тонна ширро коркард мекунанд. Ҳол он ки дар ноҳия дар шабонарӯз 10-11 тонна шир истеҳсол   мешавад.

Аз ин хотир моро зарур аст, ки бо дар назардошти пешрафти соҳаи кишоварзӣ дурнамои бунёди  корхонаҳои хурди саноатиро таҳия намоем, то маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон дар шакли тайёр ба марказҳои савдои кишвар фиристонида шавад. 

Сари масъалаи бунёди сардхонаҳо барои нигоҳ доштани мева ва картошкаву дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Айни ҳол барои сохтану ба истифода додани   корхонаҳои хурди  саноатӣ ва сардхонаву  гармхонаҳои замонавӣ мо  ба дастгирии соҳибкорон ниёз    дорем. Боварӣ ҳаст, ки оянда дар ин самт низ  ба дастовардҳо  комёб мегардем.

     Т.СОҲИБНАЗАРОВ,

                мухбири «НФ».