Пн06172019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

МАРДИ ҲИММАТБАЛАНД

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони саховатманд корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба чашм мерасанд.

Яке аз чунин шахсиятҳои саховатманд Ҳоҷӣ  Қаҳҳорбег мебошад. Ӯ  сокини деҳаи Заркамар буда, барои обод кардани ин  гӯшаи кишвар  ҳамеша дар талош аст. Ҳамасола ба  ятимону оилаҳои  ниёзманд дасти кӯмак дароз мекунад. Ҳоло ин иқдоми падарро писараш ҳоҷӣ Қиёмуддин идома дода  истодааст. 

Ҳоҷӣ  Қиёмуддин мудомба оилаҳои ниёзманду ятимон дасти кӯмак дароз  мекунад.  Ҳоҷӣ Қиёмуддин бо меҳри ватандӯстонаи худ роҳи деҳаро сохта ба истифода дод.

Номбурда ду пули нақлиётгузарро, киаз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, бо маблағи худ ба тариқи ҳашар  барқарор кард.

Айни ҳол дар сохтмони мактаби миёнаидеҳа саҳми худро гузошта истодааст. Ӯ барои ҷавонон дар деҳа майдончаи варзишӣ месозад. Мақсад дорад дар асоси нақша-чорабиниҳои ҷамоат ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар деҳа боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд намояд.

Саховатпешагӣ бояд одати доимии мо бошад, - мегӯяд Ҳоҷӣ Қиёмуддин.

Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи ДМТ.