Вс12222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОИЛАРО САДОҚАТ МУСТАҲКАМ МЕКУНАД

Оила раҳнамои ҳаёт, мураббӣ ва тарбиятгар, парваришгоҳи асосии дунёи кӯдакист. Маҳз гуфтору рафтори оила, - дар назар аст волидайни ҷавон, - асоси хулқу атвори кӯдак мегардад. Оилаи солим ҷамъияти солим месозад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад: «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад».

Солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оила зиёд гардид. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон ва таҳкими оила беш аз 20 ҳуҷҷати муҳим қабул шуд.

Бо вуҷуди табдирҳои судманди ҳуқуқию иҷтимоӣ ҷудошавии оилаҳо тайи солҳои охир аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Шумораи талоқ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар нисбат ба солҳои пеш афзудааст. Синни аз нисф зиёди оилаҳои ҷудошуда 18-25-ро ташкил медиҳад. Агар ба вазъи ҳол дар ноҳия нигарем, мебинем, ки дар 9 моҳи соли равон зиёд аз 579 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, бекоркунии ақди никоҳ 102 ададро ташкил медиҳад. Вобаста ба чунин ҳолат андеша ба сар мезанад, ки бояд маблағи боҷи талоқ баланд бардошта шавад. Ҳамсарон вақти бекор кардани ақди никоҳ ба давлат маблағи ночизе месупоранд. Масалан, дар ноҳияи мо боҷи талоқ дар 9 моҳи соли равон 5475 сомониро ташкил медиҳад. Бархе ҷавонон аз ин сабукӣ сӯистифода бурда, якчанд бор хонадор мешаванд. Хуб мешуд, ки барои бекор кардани ақди никоҳ тарафи гунаҳгор ба маблағи калонтар ҷарима карда шавад. Ба андешаи мо яке аз роҳҳои ба масъулият водор кардани ҷавонон мегардад. Агар ин масъала ба доираи қонун дарояд, шояд ҷудошавии оилаҳо кам гардад.

Мо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пойдории муносибатҳои оилавӣ ва фарҳанги оилавии шаҳрвандон, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва манъи никоҳи хешутаборӣ тадбирҳои натиҷабахш меандешем.  Бо ҳамин мақсад дар ҳамаи 8 ҷамоати деҳот ва ҷамоати шаҳраки Файзобод  "Равзанаи ягона", нуқтаи қабули шаҳрвандон ташкил кардем. Ҳангоми қабули аризаҳои никоҳ ба никоҳшавандагон ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар дар оиладорӣ, бахусус дар тарбияи фарзандон, шартҳои бастани ақди никоҳ ва аҳди никоҳ, интихоби насаб баъди никоҳ, шартҳои гузаронидани тӯйро мефаҳмонем. Қариб ҳамаи издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Намояндагони дин бе маълумотномаи бақайдгирии аризаи ақди никоҳ никоҳи домоду арӯсро раво намедонанд.  Бо мақсади таҳкимбахшӣ ба устувории оила бо имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ҳамкорӣ менамоем, аз панду ҳикмати уламо, зиёиёни муътабари ноҳия истифода мебарем.

Мо то ҳадде, ки метавонем, донишу таҷрибаи зиндагиро истифода карда, бо насиҳату маслиҳат пеши роҳи кандашавии риштаҳои оиладориро мегирем.

Бо вуҷуди ин мешавад, ки бо сабаби қайсарии зан ё шавҳари ҷавон онҳоро ба мувофиқа оварда наметавонем. Яъне ҳанӯз пурра ба мақсади худ нарасидаем. Мушкилот зиёд аст. 

Рӯзе саҳари барвақт ба ҳуҷраи кориам мӯйсафеде бо писару келинаш даромаданд. Баъди салому алейк мӯйсафед, ки сокини шаҳраки Фай­зобод будааст, дарди дил кард, ки ду моҳ пеш тӯй барпо намуда, аз Ромит барои писараш келин овардааст. Келин ба насиҳату маслиҳат гӯш надода, исрор дорад, ки аз шавҳар ҷудо мешавад. Вақте аз ҷавонзан сабаби ҷудошавиашро пурсидем, ӯ бешармонава беандеша ҷавоб дод: «Ман як шавҳар дорам. Намехоҳам, ки хусуру хушдоман баман фармон диҳанд. Бо писари онҳо зиндагӣ намекунам». Ҷавонзан нею нестон намуда барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишт. Мо дигар чора наёфтем.

Сабаби зиёд шудани пошхӯрии оилаҳои ҷавон гуногун аст: сатҳи пасти маълумоти ҷавонон, бахусус духтарон, ба зинаи сеюми таҳсил фаро нагирифтани онҳо, хеле барвақт, дар синни 18-солагӣ (баъзан дар 17-солагӣ) ба шавҳар баромадан, надоштани ягон касбу ҳунар, сатҳи пасти маърифати оиладорӣ (яъне ба ҳаёти оилавӣ омода набудан), муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва никоҳҳои хешутаборӣ.

Дигар чизро гуфтаниам, ки сарчашмаи ҷудошавии оилаҳо ин нодуруст ва ғайримақсаднок ба роҳ мондани тарбияи фарзандон дар оила мебошад. Тавре дар аввал гуфтем, агар фазои оила солиму устувор бошад, зиндагӣ тобишу ранги дилхоҳ мегирад. Муносибату хубу созандаи калонсолон навхонадоронро ба зиндагии осоишта дилгарм мекунад. Мутафаккири бузург В.Г. Белинский чунин таълим медиҳад: «Тарбия кори бузург аст, ба воситаи он сарнавишти инсон ҳал мешавад». Инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст тарбия карда, ба воя расонидан масъулияти инсонии волидон аст. Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзандон дар мавзӯъҳои рӯзгори оиладорӣ, хоксорӣ, эҳтироми калонсолон, одоби меҳмондорӣ, тарбияи кӯдак суҳбату маслиҳат на­муда, анъанаҳои беҳтарин гузаштагонро истифода кунанд. Ба ифодаи дигар, сидқу вафои оиладории волидайн (калонсолон) ба оилаҳои ҷавон дарси ибрат мегардад.

Фариштамоҳ РАҲМАТУЛЛОЗОДА,

мудири бахши сабти асноди

ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия.