Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

МУШКИЛОТИ ТАЪМИНИ ОБИ ПОЛЕЗӢ ВА МАЪЮБОН ДАР ФОКУС-ГӮРУҲ ҲАМИН ДУ МАСЪАЛА МУҲОКИМАРОНӢ ШУД

Ҳафтаи гузашта дар ноҳия фокус-гуруҳ оид ба баррасии масъалаҳо дар соҳаи беҳдошти замин, обёрӣ, кишоварзӣ ва оид ба мушкилоти маъюбон аз ҷониби котиботи назди кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шафофияти бӯҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Хурсандмурод  Ҳакимов, коршиноси миллӣ оид ба масъалаи норасоии оби полезӣ ба ҳозирин ҷиҳати муҳтавову мақсади  семинар ва ҳаллу фасли мушкилоти оби полезӣ ва аҳамияти иқтисодии он маълумот дод. Вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои болозикр масъулини соҳаҳои марбутаи ноҳия ширкат намуда, дар ду баст ҷиҳати мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳали он андешаронӣ карданд.

Аз фикри масъулини соҳаи обёрӣ дар самти таъмини оби полезӣ ба кишоварзони ноҳия як қатор мушкилиҳои ҷиддӣ мавҷуд аст. Фаъолият накардани Асотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҳаҷми зиёди қарзи ИДБЗО аз андоз, сӯзишворӣ ва иҷораи техника,  сатҳи пасти тахассусии кормандон оид ба масъалаҳои менеҷмент, маркетинг ва фандрайзинг аз мушкилоти асосӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Зимни муҳокимаронӣ мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати рафъи проблемаи самти хизматрасонии оби полезӣ дар ноҳия роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намуданд.

Ба ҳамин монанд дар қисмати дувуми фокус-гурӯҳ муҳокимаронӣ оид ба мушкилоти маъюбон ҷараён гирифт. Дар ин самт муҳимтар мушкилот ин, маҳдудияти дастрасии маъюбони ноҳия ба инфарсохтори мавҷуда, азҷумла набудани пандус-роҳрав барои аробачаи маъюбӣ ҷиҳати воридшавӣ ба бинои муассисаву идораҳои давлатии ноҳия, ҳолати нокифояи хизматрасонии суроғавии иҷтимоии маъюбон, пурра фаро гирифта нашудани кӯдакони маъюб ба таҳсилоти фардӣ ва норасоии ҷойҳои корӣ барои маъюбон дар муассисаҳои давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамин монанд дар самти ҳалли дигар мушкилиҳо низ роҳҳои ҳал аз ҷониби иштирокчиёни муҳокимаи гурӯҳӣ пешниҳод карда шуд.

Дар қисмати ҷамъбастии муҳокимаи парламентӣ вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор, Сабурзода Мирзодавлат ва Асозода Хайрулло ширкат намуда, аз муҳокимарониҳои мушкилоти ҷойдошта дар ноҳия натиҷагирӣ карда, баҳри рафъи он андешаҳои хешро баён намуданд.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».