Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

«ГАНҶИ ҲИЛОЛ» -ҒОЛИБИ ОЗМУН

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018» баргузор карда шуд.

Дар озмуни мазкур, ки дар ду давра  гузашт   484 корхонаву ташкилот ва муассисаҳои хизматрасонӣ иштирок карда, 88-тои он ба даври хотимавӣ роҳхат гирифтанд. Даври дуюм ҷамъбастӣ-ҷумҳуриявӣ, рӯзи  20 октябр дар МД «Боғи Ирам»доир гардид.

Боиси ифтихор аст, ки ҶДММ «Ганҷи ҳилол»(директори корхона Зафар Ҳакимов) аз  ноҳияи мо ҳам чун ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018»  сазовори  бренди «Интихоби истеъмолкунанда»  гардид.

Кулли  кормандони ҶДММ «Ганҷи ҳилол»-ро барои  ғолибият дар ин озмун табрик мегӯем.