Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ДИДБОНГОҲИ ОТАШНИШОНӢ СОХТМОНИ ОН ТО ОХИРИ СОЛ БА АНҶОМ МЕРАСАД

Хизматрасонии оташнишонӣ   таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста бо имконоти мавҷуда   лаҳзаҳои зарурӣ дар муҳофизати молу мулки ҷомеа аз сӯхтор нақши муҳим мебозад. Сохтори мавҷудаи хизматрасонии оташнишонӣ дар кишвари мо ҳанӯз 30 июли соли 1928 дар таркиби Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст. Дар давоми мавҷудияти худ дар идораву қисмҳои ҳарбии ин сохтор фарзандони фарзонаи Ватан хизмати содиқона намудаанд. Дар ноҳияи мо ҳам солҳост, ки ин сохтор аввал дар шакли шӯъбаи оташнишонӣ ва аз соли 2010 ҳамчун Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ амал мекунад. Айни ташкилшавӣ ин сохтор  бо  шумораи ками воҳидҳои корӣ ва     таҷҳизоти техникию лавозимоти зарурӣ амал мекард. Фаъолияти шуъба баъди ба  Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ табдил ёфтан ва бо ёрдаму дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кӯшишу талошҳои пайгирона кормандони он беҳтар гардидаву мардум аз кори онҳо қаноатманданд. Имрӯз бо сарварии ҷавону кордон, капитани корҳои дохилӣ Фирӯз Соҳибназаров   шумораи коргарон дар ин ниҳод ба 18 нафар расида, ду адад мошинҳои оташнишонӣ пайи  ҳифзи молу мулки  ҳамдиёрон аз сӯхтор  қарор дорад.

Чи тавре  сардори ин ташкилот Фирӯз Соҳибназаров иттилоъ дод, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат ва раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ   ният доранд, ки дидбонгоҳро ба қисми оташнишонӣ табдил диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки  воҳидҳои кории ин ниҳод то ба 35-40 нафар расида, ҳамзамон шумораи техникаҳои дар ихтиёрдоштаашон низ   зиёд хоҳад гардид.

Муҳимтар аз ҳама бунёди бинои дидбонгоҳи нави муассиса аст, ки корҳои асосии сохтмонии он дар арафаи анҷомёбист. Тибқи нақша дидбонгоҳи нави дорои ҳамаи шароитҳои нав ва ҳозиразамон бояд то соли 2020  бунёд мегардид, вале дастгирии ҳамаҷонибаву ҳалли саривақтии мушкилоти пешомада дар сохтмони он аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ноҳия,  хусусан  раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  имкон пайдо шуд, дидбонгоҳ  пеш аз муҳлат то охири соли равон  мавриди истифода қарор гирад. 

Бо мавриди истифода қарор ёфтани дидбонгоҳи нав масъулияти кормандони он ҳам  дар роҳи пешгирӣ аз сӯхтор дар ноҳия зиёд хоҳад гашт. Зеро ҳанӯз ҳам мушкилии асосии дар ҷода пеш аз ҳама паст будани маърифат ва дарки мардум оиди пешгирӣ аз сӯхтор аст. Бо вуҷуди  аз тарафи масъулони   дидбонгоҳ ҳар моҳ мунтазам ду маротиба баргузории санҷишҳо ва бурдани корҳои оммафаҳмонӣ    миёни мардум боз ҳам фоизи ҳодисаҳо дар сатҳи зарурӣ кам на гардидааст. Мушкили дигар ин дур будани деҳаҳо аз дидбонгоҳи асосӣ мебошад, ки пайи ҳалли он ҳам ходимони дидбонгоҳ ва ҳам мақомоти иҷроияи  ноҳия чораҳои заруриро дида истодаанд. Дар назар аст, ки дар минтақаи болоии ноҳия, дар Мискинобод шуъбачаи оташнишонӣ ташкил карда шавад.

Аз ошноӣ бо  рафти ҳолати корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи нави оташнишонӣ ва   суҳбатҳо бо масъулини  ин ниҳод ба   хулоса омадан мумкин аст, ки   пешгирӣ ва муҳофизати молу мулки сокинон  аз сӯхтор дар ноҳия, дар сатҳи зарурӣ  ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ҳ. АКРАМОВ.

 

"serif"'>Р.НАЗИР.