Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

1 октябри   соли ҷорӣ  Иҷлосияи шонздаҳуми   Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 36 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи  интихоботии Саричинор №23, Низомиддини Шамсиён    котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар:   вакил аз ҳавзаи интихоботии № 36   Абдуназаров Шамсулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 24   Ҷалилов Маҳмадалӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии  № 8 Каримзода Манучеҳр интихоб гардиданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ   ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

1.   Дар бораи сатҳу сифати дониши хонандагон аз силсилаи фанҳои табиӣ – риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди Ҷамоати  шаҳраки Файзобод,  деҳоти Вашгирд ва Мискинобод.

            2.  Дар бораи фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба ояндабинии иқтисод, саноат ва буҷет ҷиҳати беҳтар намудани қисми даромади буҷети ноҳия.

            3. Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар нуҳ моҳи соли 2018.

            4. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 25 декабри соли 2017, № 151 “Дар бораи тасдиқ намудани ғайридавлатикунонии моликияти коммуналии ноҳия барои соли 2018”.

            5. Тасдиқи рӯйхати собиқадорон ҷиҳати насб намудани акси онҳо дар лавҳаи “Собиқадорони меҳнат”.

            6. Тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳия.

Рӯзномаи пешниҳодшударо   вакилони халқ ҷонибдорӣ карданд. Аз рӯи масъалаи аввал    дар бораи сатҳу сифати дониши хонандагон аз силсилаи фанҳои табиӣ – риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, шаҳраки Файзобод ва деҳоти Мискинобод.    раиси  Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон, занон ва оила Табарова Оиша,   вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳаймаҳмади № 4 ҳисоботи муфасалл дод.

Оид ба масъалаи дуюми иҷлосия  дар бораи фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба ояндабинии иқтисод, саноат ва буҷет ҷиҳати беҳтар намудани қисми даромади буҷети ноҳия  аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Қаҳоров Ёрибег Мусофирович   ҳисобот дод.

Сипас аз рӯи масъалаҳои зикр шуда, Нурзода С.П вакил аз ҳавзаи интихоботии №36 , Закамар-2 ва Шоев А.вакил аз ҳавзаи интихоботии №37, Фатҳобод ба музокира баромаданд.

Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи сеюми соли 2018  сардори Раёсати молияи ноҳия Раҷабзода Иноятулло сухан  кард.

Вакилон аз рӯи масъалаи чорум гузориши сармутахассиси  бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Зариф Қурбоновро шуниданд.

Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия оид ба рӯйхати собиқадорон ҷиҳати насби акси онҳо дар лавҳаи “Собиқадорони меҳнат”   Раҷабова Нурия Ҷунайдовна муовини раиси ноҳия баромад кард.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ.  амр ва қарорҳои раиси ноҳияро ба тасдиқ пешниҳод  намуд.

Вакилон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои  дар  иҷлосияи  шонздаҳуми   маҷлиси вакилони  халқ муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори   иҷлосия таъкид  намуд, ки  вакилони халқ дар фаъолияти минбаъдаи худ барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқи ноҳия, хусусан  вусъати корҳои созандагиву  ободонӣ ба истиқболи сазовори  сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи  кишвар ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони ноҳия Суруди миллӣ садо дод.

“НФ”.