Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ДАСТОВЕЗҲОИ ИДОНАИ КИШОВАРЗОН

Картошкапарварон Далер Собиров, Ширинбек Солиҳов ва Исматулло Ҳасанов, аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ба истиқболи ҷашни 27-солагии  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовези арзандаи меҳнатӣ омаданд. Д.Собиров ва Ширинбек Солиҳов аз ҳар гектар картошказор 300-350 сентнерӣ ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд. Исматулло Ҳасанов бошад, ҳосили рекордӣ – зиёда аз 500 сентнерӣ – ба даст овард.

Хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров дар даврони истиқлолият аввалин бор дар майдони 124 гектар картошка кишт кард. Умед аст, ки деҳқонон имсол ҳосили хуби картошка ба даст меоранд.

Чорводорони хоҷагӣ бошанд, то ин давра истеҳсоли ширро ба 18 тонна расониданд, ки ба ҳар сар гови дӯшоӣ 1500 литрӣ рост меояд. Дар ноҳия ин натиҷаи баландтарин аст.

Парандапарварони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ганҷи ҳилол» зери роҳбарии директори ҷамъият Зафар Ҳакимов соли равон ба комёбиҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гаштанд. Парандапарварон дар зарфи нуҳ моҳ 17 миллиону 300 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола хело зиёд аст.

 Дар комёбии бадастоварда мудирони сехҳо Х.Акобиров, С.Раҳмонов ва сарбойтор Ф.Раҷабов ҳиссаи калон доранд.

Истеҳсоли тухми мурғ то охири сол ба 37 миллион дона мерасад.

Чорводорон барои ду баробари нақшаи солона захира кардани хошок кӯшиш намуда то имрӯз ба миқдори 32162 тонна хошок ҷамъ оварданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 13 ҳазор тонна зиёд аст.

С.ТИЛЛО.